Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Вазорату идораҳои давлатии Тоҷикистон ризоят додаанд, ки дар Кодекси нави ҷиноӣ ҷазо барои озори ҷинсӣ дар кишвар сахттар карда шавад. Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ умед доранд, бо ин роҳ аз такрори таҷовуз ба номуси ноболиғон пешгирӣ мешавад.
Рӯзигул Бурҳонова расман мудири “Ёрии таъҷилӣ” дар шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлон, аст, аммо амалан наздик ба ду сол боз наметавонад ба кор баргардад ё фармони аз кор рафтанашро бигирад.
Вазорату идораҳои давлатии Тоҷикистон ризоят додаанд, ки дар Кодекси нави ҷиноӣ ҷазо барои озори ҷинсӣ дар кишвар сахттар карда шавад.
Пайвандони Насим Амирзода, афсаре, ки дар куштани ҳамкораш Меҳроншоҳ Ҷумъаев гунаҳкор дониста шуд, шикоят доранд, ки ҷониби дигари баҳс аз онҳо беасос 300 ҳазор сомонӣ талаб дорад.
Як фаъоли пешини Ҳизби демократро дар вилояти Суғд ба ҳафт сол зиндон маҳкум кардаанд. Мақомот Рустам Мамаҷоновро барои бознашри навори мухолифини тоҷик гунаҳкор донистаанд, вале вакили мудофеъ ноодилона хонд.
Мақомоти марзбонии Тоҷикистон мегӯянд, шаби 4 ба 5-уми июл 1037 нафар аз низомиёни афғон "бо мақсади наҷоти ҷони худ", ба Тоҷикистон ақибнишинӣ карданд.
Як табиби тоҷик муддати тулонист дар додгоҳ барои таъйин кардани сарнавишти ҷойи кораш мубориза мебарад. Рӯзигул Бурҳонова мегӯяд, дар ҳаққаш беадолатӣ кардаанд ва мехоҳад, адолат барқарор шавад.
Дар Тоҷикистон қонуни афви амвол қабул шуд, ки бар асоси он шаҳрвандон метавонанд хонаҳои беиҷозат бунёшуда ва дороиҳои дар хориҷа доштаашонро ба Тоҷикистон оварда қонунӣ кунанд.
Ҷумъагул Назарова, як сокини ноҳияи Мастчоҳ иддао дорад, ки писараш ҳангоми бозпурсӣ дар идораи милисаи шаҳри Хуҷанд шиканҷа шудааст. Ба гуфтаи модар муфаттиш фарзандашро азоб дода, абрӯвонашро тарошиданд. Модар танҳо пас аз як ҳафта тавонист ба дидори писараш расад.
Бо гузашти ду моҳ аз муноқишаи марз дар Тоҷикистону Қирғизистон коргардони тоҷик Дилошуб Орифзода филми мустанаде бо номи "Дарахти дӯстӣ" таҳия кардааст, ки аз рӯзгори сокинони назди марз қисса мекунад.
Вакилони парлумони Тоҷикистон дар иҷлосияи рӯзи 23-уми июн аз тарҳи тағйири қонун дар бораи муқовимат ба терроризм ҷонибдорӣ карда гуфтанд, ҳадаф аз он тақвияти мубориза бо ин зуҳуроти хатарнок дар кишвар аст.
Дар Тоҷикистон 32 ҳолати нави сирояти СOVID-19 ошкор шудааст. Оҷонсии давлатии "Ховар" шоми рӯзи 22-уми июн ба истинод ба Вазорати тандурустӣ хабар дод, ки дар дар ду рӯзи гузашта, 21-уми июн 17 нафар ва 22-уми июн 15 нафар ба бемории СOVID-19 гирифтор шудани сокинон сабт шудааст.
Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии Порлумони Тоҷикистон, ҷазо барои озору азияти ҳайвонот, аз ҷумла ҷонварони бесоҳибро сахттар кард. Вакилон гуфтанд, ин кор бо талаби ҷомеаи шаҳрвандӣ сурат гирифта, ҳадафаш таҳкими ҳимоят аз ҷонварон аст.
20-уми июн Рӯзи ҷаҳонии паноҳандагон аст. Дар ин рӯз ба тақдири миллионҳо нафаре таваҷҷуҳ мешавад, ки ба хотири наҷоти ҷонашон ё дарёфти зиндагии беҳтар маҷбур шудаанд, кишварашонро тарк кунанд.
Як ҷавони 34-сола, ки бо иттиҳоми таҷовузи ҷияни 4-солааш беш аз 100 рӯз дар боздоштгоҳ буд, баъди озод шудан талош дорад бегуноҳии худро исбот кунад ва омилони шиканҷааш муҷозот шаванд.
Ду хонаводаи дар шаҳри Душанбе бо вуҷуди се соли баҳсҳои додгоҳӣ наметавонанд аз ширкати сохтмонии “Камолот сохтмон” ҷуброни манзили тахрибшавандаи худро бигиранд.
Дар Душанбе, ки хонасозӣ босуръат идома дорад, баҳсу даъвои сокинон бо ширкатҳои сохтмонӣ зиёд мешавад. Як намунаи онро дар ин видео бубинед.
Тоҷикистону Узбекистон, ки солҳо муносибати сард доштанду ҳамкориҳо дар бисёре аз бахшҳо қатъ шуда буд, панҷ сол боз аз дӯстӣ ва ҳамкории бештар мегӯянд.
Абдулғанӣ Маҳмадазимов, сиёсатшиноси тоҷикистонӣ дар ҳошияи сафари Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон ба Тоҷикистон доир ба имконоти ҳамкориҳои ду кишвар бо Радиои Озодӣ суҳбат кард.
Як коргардони тоҷик фоҷиаи Ҳувайдо Тиллозодаи панҷсоларо, ки соли 2018 дар Русия кушта шуд, дар филми тасвирӣ ҷой додааст. Лолисанам Улуғова мегӯяд, аз ҳодиса дертар хабардор шуд, вале ҳеч гоҳ аз гӯшаи хотираш зудуда натавонист.
Ёфтҳои бештар