Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Сафири Амрико дар Душанбе мегӯяд, кишвараш дар бахши таъмини амният барои Тоҷикистон 60 миллион доллари дигар кӯмак мекунад.
Сафири Амрико дар Душанбе мегӯяд, кишвараш дар бахши таъмини амният,барои Тоҷикистон 60 миллион доллари дигар кӯмак мекунад. Дар доираи ин кӯмакҳо Тоҷикистон барои назорати марз бо Афғонистон дронҳои Puma ва дигар намуд таҷҳизот дарёфт мекунад.
Ҳавошиносон дар Тоҷикистон мегӯянд, то 16-уми май дар кишвар боронҳои пуршиддат пешбинӣ мешавад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз омадани сел ҳушдор дод.
Дар Тоҷикистон, ки солҳо боз барои надоштани расонаҳои озоду мустақил ва саркӯби мунтақидон накӯҳиш мешавад, рӯзи ҷаҳонии озодии матбуотро ду рӯз дер таҷлил карданд.
Донишҷӯёни чанд донишгоҳ дар Тоҷикистон гуфтанд, мақомот зери фишор аз онҳо аризаву имзо мегиранд, ки имтиҳонҳои хатмро пеш аз муҳлат супурда, ба артиш бираванд. Намояндагони Вазорати маориф шикоятҳоро рад мекунанд ва иқдомро “ихтиёрӣ” меноманд. Ҳомиёни ҳуқуқи инсон назари дигар доранд.
Шаҳрдори пешини Душанбе, Мақсуд Икромов дар таърихи Тоҷикистон шахсе дониста мешавад, ки ба баркандани ҳайкали доҳии коммунистон Владимир Ленин аз маркази пойтахт дастур дод.
Рӯзи 2-юми майи соли 1947 рӯзи таваллуди фардест, ки ӯро яке аз шаҳрдорони маъруфи Душанбе медонанд. Рӯзи таваллуди Мақсуд Икромов, ки аввали солҳои 90 раиси Душанбе буд ва баъзе аз пешрафтҳои пойтахти Тоҷикистонро ба номи у рабт медиҳанд. Ӯ 23-уми декабри соли 1997 дар садамаи нақлиётӣ ҳалок шуд.
Намози Ид дар Тоҷикистон имсол бе риояи фосилаи ҷисмонӣ ва бастани ниқоб баргузор гашт. Ин қоидаҳо акнун ба меросу хотираҳои давраи ҳамагирии СОVID-19 табдил меёбанд, вале масъалае, ки мисли солҳои гузашта сари забонҳост, идгардаки кӯдакон аст, ки расман манъ нашудааст, вале тавсия дода намешавад.
Ғуломалӣ Назаров дар ноҳияи Рӯдакӣ барои шахсони маъюб ароба месозад. Худаш пойи равон надораду дасташ ҳам хуб кор намекунад, аммо намехоҳад, ҳамтақдиронаш ранҷу азоб бубинанд.
Як сокини Душанбе идораи барқи пойтахтро барои, ба гуфтааш, "барзиёд" ҳисоб кардани пули истифода аз нерӯи барқ ба додгоҳ кашидааст. Назаршо Лангаршоев мегӯяд, ҳамеша пули барқро месупурд. Дар Шабакаҳои тақсими барқ гуфтанд, ҳисобкунаки ӯ корношоям асту пули барқро пурра ҳисоб накардааст.
"Чанд дафъа таъкид кардам, берун аз масъала савол надиҳед." Маҳмадтоҳир Зокирзода, раиси порлумони Тоҷикистон, рӯзи 20-уми апрел нагузошт, ки баъзе аз вакилон тарзи даъвати ҷавононро ба артиш ба баҳс кашанд.
Як эълони Бонки Алиф дар бораи маҳдудияти истифода аз кортҳояш барои пардохти баъзе хадамот, аз ҷумла харидани шаробу асбоби мусиқӣ ва рафтан ба клубҳои шабона, дар Тоҷикистон баҳс барангехт.
Дар бозорҳои Тоҷикистон ин шабу рӯз мева ва дигар маҳсулоти полезӣ бештар ба назар мерасад, вале гаронии нархҳо боис шудааст, ки на ҳама ба чунин маҳсулот дастрасӣ дошта бошанд.
Гуруҳе аз тоҷирони "Корвон" гуфтанд, ки арзиши ҷой, пардохти ҳаррӯза ва ҳаққи посбонҳо дар бозори калонтарини Душанбе афзуда, онҳоро бо мушкил дучор кардааст. Мудири бозор тасдиқ кард, ки арзиши хадамот тағийр ёфт, вале мегӯяд, ҳанӯз ба иҷро надаромадааст.
Дар порлумони Тоҷикистон созишномаеро бо Русия тасдиқ карданд, ки бар асоси он ба муҳоҷирони кории тоҷик ҳаққи бознишастагӣ ё нафақа дода мешавад, аммо бо як шарт.
Дар порлумони Тоҷикистон созишномаеро бо Русия тасдиқ карданд, ки бар асоси он ба муҳоҷирони кории тоҷик ҳаққи бознишастагӣ ё нафақа дода мешавад, аммо бо як шарт. Мақомот гуфтанд, танҳо шаҳрвандоне, ки андози иҷтимоӣ супурдаанд, аз ин имконият баҳравар мегарданд.
Гурӯҳи соҳибкорони бозори калонтарини Душанбе аз боло рафтани ҳаққи иҷора дар "Корвон" шикоят мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, аз аввали моҳи апрел аз онҳо пардохти бештари хароҷоти вобаста ба ҳаққи кор дар Корвон, мисли иҷораву чекпулиро талаб мекунанд.
Зуҳро Сайфуллоева, модари 6 фарзанд аз болои ҳукми моҳи марти додгоҳи шаҳри Ҳисор ба Додгоҳи олӣ шикоят карда озод шудани шавҳари чӯпони кирояашро талаб дорад.
Лӯлитаборон дар Тоҷикистон мехоҳанд ба оҳистагӣ аз талбандагӣ даст бикашанд ва бо ҷалби фарзандонашон ба мактаб зиндагии худро дар оянда аз роҳи дигар таъмин кунанд.
Ёфтҳои бештар