Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Дар Тоҷикистон аз моҳи август гирифтани пули нақд дар даст ва аз ҷумла супурдани он, масалан, ба нозири неруи барқ манъ мешавад. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон фармон додааст, ки бисёри пардохтҳо - андоз, ҷарима бояд ғайринақдӣ сурат гирад. То куҷо иҷрои ин қонун осон хоҳад буд?
26 сол пеш дар ҳамин рӯз миёни ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин Созишномаи сулҳ ба имзо расид. Ин созишнома ба ҷанги панҷсола дар кишвар хотима бахшид. Баъд аз соли 1997 ҳамасола 27 июн дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Ваҳдат ҷашн гирифта мешавад ва расман таътил аст.
Бозори чорво дар дараи Ромит, қисмати шарқии пойтахт дар остонаи Иди Қурбон серодам аст. Чорводорон аз гӯшаҳои гуногуни кишвар моли худро ба инҷо меоранд. Бузу гӯсфанд, гов ва ҳатто шутур низ барои харидорон пешниҳод мешавад.
Бахтиннисо Иззатуллоева мегӯяд, соле пеш аз шавҳар ҷудо шуд ва ду писарро дар ихтиёри амаку бибияш гузошту ба Русия рафт. "Вале ба ҷойи меҳрубонӣ азияту латукӯб кардаанд," – даъво дорад ӯ. Ҷониби дигар мегӯяд, "яке аз кӯдакон беодоб аст".
Як сокини Душанбе мехоҳад, ки мақомот назорат ва тарбияи писарони хурдсолашро дар ихтиёри ӯ бигузоранд. Бахтиннисо Иззатуллоева мегӯяд, соле пеш аз шавҳар ҷудо шуд ва ду писарро дар ихтиёри амаку бибияш гузошту ба Русия рафт. "Вале ба ҷойи меҳрубонӣ азияту латукӯб кардаанд," – даъво дорад ӯ.
Наздикони Шавкат Халилов, коргардони тоҷик, ки рӯзи 15-уми май дар бемористон дар синни 66-солагӣ даргузашт, табибонро дар марги ӯ гунаҳкор медонанд.
Наздикони Шавкат Халилов, коргардони тоҷик, ки рузи 15-уми май дар бемористон даргузашт, табибонро дар марги ӯ гунаҳкор медонанд. Пизишкон мегӯянд, ӯ гирифтори бемориҳое буд, ки пас аз ҷарроҳӣ дигар имкони наҷоташ вуҷуд надошт.
Пулиси ноҳияи Шаҳринав ба таҳқиқи ҷанҷоли келину хушдоман, ки навораш дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсбарангез шуд, оғоз кардааст.
Идораи шуъбаи корҳои дохилии Шаҳринав ба таҳқиқи ҷанҷолу занозании аъзои як хонавода оғоз кардааст, ки видеои ҷанги онҳо ҳаёҳуеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ барпо кард. Мавзӯи баҳс - занозании арӯс бо модаршавҳараш аст ва ҳарду тараф гуноҳро ба гардани ҳамдигар бор мекунанд.
Вазорати маорифи Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳукумат барои таҳсили як хонандаи мактаб дар кишвар соле аз 1312 то 2046 сомонӣ (ҳудуди 120 то 180 доллар) сарф мекунад.
Тоҷикистон соли гузашта барои соҳаи маориф беш аз ҳафт миллиард сомонӣ ҷудо кардааст. Ин маблағ ба куҷо ва ба кадом бахши маориф сарф шудааст? Ба ин суол ҳамкоронам Сарвинози Руҳуллоҳ ва Шаҳлои Абдуллоҳ посух ҷустаанд.
Идораи ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, мумкин аст, ҳаво дар кишвар ба ҳадди тоқатфарсо ва то 40 дараҷа гарм шавад. Ҳарорате, ки дар аввали моҳи июн дар Тоҷикистон кам дида мешавад. Пизишкони тоҷик мегӯянд, мардум ва бахусус онҳое, ки бемории дил доранд, бояд дар ин гуна рӯзҳо эҳтиёт кунанд.
Аъзои як оила дар ноҳияи Файзобод, 50-километрии пойтахти Тоҷикистон, мегӯянд, арӯси пешини хонавода, ки дар ҳавлии онҳо маскун аст, духтари хурдсолашонро зада, ба ин восита “қасос” гирифтааст. Ҷониби дигар “туҳмат” медонад. Мақомот гуфтанд, ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.
Тайи ҳафтаҳои охир тафтиш, боздошт ва латукӯбу ихроҷи муҳоҷирони тоҷик дар Русия афзудааст. Мақомоти Русия сабаби чунин бархӯрдро бо зодагони Тоҷикистон шарҳ намедиҳанд. Камаш се ниҳоди давлатии Тоҷикистон аз идораҳои масъули Русия хостаанд, ки қазияро баррасӣ кунанд, вале вазъ чандон дигар нашуда.
Дархости як мухлиси Радиои Озодӣ моро ба Боғи ҷонварони шаҳри Душанбе бурд.
Сабоҳат Қосимова, ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе дафн карданд. Ӯ шоми 24-уми май дар 72-солагӣ даргузашт. Чанд соли охир аз саратон ранҷ мекашид.
Додгоҳи олии Тоҷикистон ба баррасии парвандаи шаш сарбоз ва афсаре шуруъ кардааст, ки пас аз паҳн шудани видеои латукӯби наваскарон боздошт шуданд. Ин навор як моҳ пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои манфиро ба бор овард.
Будани нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар наздикии хонаҳо дар Тоҷикистон боис ба ташвиши мардум шудааст. Солҳои охир бар асари сӯхтор ва таркиш дар чунин нуқтаҳо чандин нафар ҷон бохтаву захмӣ гардиданд.
Кӯҳансолтарин сарбози тоҷик дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ хотироти худ аз 80 соли пешро ба Радиои Озодӣ нақл кард.
Ёфтҳои бештар