Аз соли 2015 то соли 2017 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе фаъолият дошт. Аз моҳи сентябри соли 2019 хабарнигор дар вилояти Суғд аст. Хатмкардаи бахши рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд. Дар гузашта хабарнигори телевизиони "Суғд" ва "Ҷаҳоноро" буд.
Аз Наврӯзи гузашта то ин Наврӯз чандин нафар аз чеҳраҳои фарҳангӣ, сиёсӣ, ҳунарии Тоҷикистон бар асари гирифторӣ ба СOVID-19 вафот карданд ва ё чанд вақт дар бистари беморӣ буданд. Озарахшу Фарзонаро ҳам бо аломатҳои ин беморӣ бистарӣ карданд.
Сокинони ду деҳа дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон хоҳони кушода шудани гузаргоҳҳои миёни ду кишвар ҳастанд. Ин гузаргоҳҳоро соли гузашта бо ҳадафи пешгирӣ аз равуои мардум ва, ҳамин тавр, ҷилавгирӣ аз густариши бемории коронавирус баста буданд.
Қирғизистон дар вилояти Бодканд, дар марз бо Тоҷикистон даҳҳо техникаи низомӣ вуруд кардааст ва барои як машқи густардаи низомӣ дар охири моҳи март, омодагӣ мегирад.
Сокинони Хуҷанд ба гарон шудани роҳкирои нақлиёти шаҳрӣ як навъ ҳассосият доранд, зеро онро аломати баланд шудани нархҳои дигар мешуморанд. Рӯзи 4-уми март дар маркази Суғд роҳкиро бист дирам зиёд шуд ва бисёриҳоро нигарон кард.
Сокинони маҳаллаи “Тути Калон” дар шаҳри Хуҷанд изҳори нигаронӣ мекунанд, ки ин ёдгории табиӣ, ки гумон меравад, беш аз 1000 сол умр дорад, дар ҳоли нобудист.
Як ширкати сохтмонии Русия ба ҷустуҷӯйи коргарон ба Тоҷикистон омадааст. Намояндагони "Техстрой" гуфтанд, барои идомаи бинокорӣ дар Маскаву минтақаҳои дигар ба нерӯи корӣ ниёз ҳаст, вале коргари кофӣ нест.
Мақомоти расмӣ дар Тоҷикистон баъд аз 9 моҳ эътирози як гуруҳ аз коргарони чиниро дар минтақаи Зарнисори вилояти Суғд шарҳ доданд.
Чиниҳои муқими Тоҷикистон, ки аксаран дар марказҳои забономӯзӣ ва корхонаҳои саноатӣ фаъолият доранд, имсол натавонистаанд, барои таҷлил аз соли нав ба кишвари худ раванд. Бино бар солшумории қамарӣ, соли нав дар Чин аз 12 то 18-уми феврал таҷлил шуд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд гуфтанд, ки тақрибан як соли баста будани марзҳо ва коҳшии парвозҳо байни Тоҷикистону кишварҳои дигар бар зарарашон анҷомид ва ҳоло мунтазири ҳарчи зуд боз шудани роҳҳо ҳастанд.
Абдуллоҷон Орифов, аввалин раиси Кумитаи андози Тоҷикистон ва вакили собиқи порлумон шаби 25-уми феврал дар синни 80 солагӣ даргузашт.
Баъди се моҳи шудани як додраси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои "паст задани шаъну эътибори додрас” мақомоти интизомии вилояти Суғд ҷузъиёти парвандаи ӯро шарҳ доданд.
Мақомоти тандурустии вилояти Суғд, бо гузашти тақрибан як сол аз рӯ задани COVID-19, гузориши Радиои Озодиро дар бораи нахустин ҳолати ошкоршудаи эҳтимолии ин сироят дар як ноҳияи ҳаммарзи Қирғизистон тасдиқ карданд.
Дар вилояти Суғд ба боздошти Фурқат Абдуфаттоев, сокини 45-солаи Исфара, дар Русия вокуниш карданд. Вай рӯзи 1-уми феврали имсол бо дархости ҷониби Қирғизистон ва бо иттиҳоми иштирок дар моҷароҳои марзӣ дар Бошқирдистон дастгир шуд.
Агар умр вафо мекард, имрӯз Тоҳири Абдуҷаббор, бунёдгузори ҷунбиши мардумии "Растохез", ки бо номи меъмори истиқлоли Тоҷикистон маъруф аст, ба синни 75 мерасид. Ӯ дувоздаҳ сол пеш бар асари беморӣ даргузашт.
Бештар аз 4 сол аст, ки дар мақомоти додгоҳӣ баҳси ба кӣ тааллуқ доштани ду хона дар шаҳри Хуҷанд хотима намеёбад. Истиқоматкунандагони ин хонаҳо мегӯянд, чанд даҳсола пеш пули онро ба соҳибонм пешинааш доданд, вале ба сабаби нобасомониҳои рӯзгор натавонистаанд, ба номи худ сабт кунанд.
Ёфтҳои бештар