Аз соли 2017 дар дафтари Радиои Озодӣ дар шаҳри Душанбе кор мекунад. Соли 1993 таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултаи журналистикаи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон. Дар гузашта хабарнигори нашрияҳои "Самак", "Нигоҳ", сомонаи Cabar ва хабаргузории TojNews буд.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, бо ҳадафи пешгирӣ аз эҳтимоли паҳншавии коронавирус дар зиндонҳо мулоқоти маҳбусонро бо наздиконашон муваққатан манъ кардаанд.
Муфаттишони Кумитаи амнияти миллӣ таҳқиқи парвандаи ҷиноии Далер Шарифов хабарнигори тоҷикро ба поён расонда барои бознигарӣ ва хулосаи ниҳоӣ ба Додситонии кулл фиристодаанд.
Дар Тоҷикистон барномаи пешгирӣ аз коронавирус ва вокуниши эҳтимолӣ дар сурати пайдо шудани бемориро омода карда, барои иҷрои он аз созмонҳои молии ҷаҳонӣ ёрӣ пурсидаанд.
Ба думболи сарсониву саргардонии мусофирони тоҷик дар фурудгоҳҳои Русия вазорати умури хориҷӣ гуфт, ки мақомоти расмӣ масъалаи ташкили парвозҳои чартерӣ барои бозгардонидани онҳоро баррасӣ дорад.
Баъди шикояти даҳҳо нафар аз шароити номуносиби карантин дар яке аз осоишгоҳҳои Варзоб, мақомоти расмӣ онҳоро ба осоишгоҳи дигар ва шифохонае ба Душанбе интиқол додаанд.
Даҳҳо муҳоҷири тоҷик мегӯянд, ки чаҳор рӯз боз дар фурудгоҳҳои Маскав банд мондаанд ва на имкони ба Тоҷикистон баргаштанро доранд, на дар Русия монданро. Онҳо аксаран аз ширкатҳои ҳавопаймоии русӣ билет харидаанд. Ин ширкатҳо феълан иҷозаи парвоз ба Тоҷикистонро надоранд.
Ширкатҳои ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ва “Тоҷик Эйр” эълон карданд, ки рӯзи 20-уми март ба шаҳри Маскав парвозҳои вижа анҷом медиҳанд.
Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии Тоҷикистон иҷозат дод, ки аз 20-уми март дар масҷидҳои кишвар намозҳои дастҷамъӣ хонда шаванд
Мақомоти Узбекистон ба як гуруҳ аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар роҳи бозгашт ба ватан дар марзи ин кишвар дармонда буданд, иҷозаи гузаштан додаанд. Муҳоҷирон мегӯянд, баъд аз 17 соати интизорӣ онҳо тавонистанд, аз сарҳади Қазоқистон ба ҳудуди Узбекистон ворид шуда, роҳро идома диҳанд.
Парвози ҳавопаймоҳо миёни Тоҷикистону Узбекистон аз рӯзи 16-уми март ба муддати ду ҳафта қатъ шудааст. То ин вақт ҳавопаймоҳои ширкати "Узбекистон ҳаво йулларӣ" ва "Сомон Эйр" аз Душанбе ба Тошканд ва баръакс парвозҳо анҷом медоданд.
Як гурӯҳ аз муҳоҷирони тоҷик гуфтанд, ки ҳангоми бозгашт аз Русия дар марзи Қазоқистону Узбекистон дармондаанд ва наметавонанд ба ватан баргарданд.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, аз рӯзи 26-уми январ ҳамаи афроди бозгашта аз Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Италия ва Эрон ба карантин фаро гирифта мешаванд.
Мақомоти Тоҷикистон бо нигаронӣ аз хатари вуруди коронавирус ба кишвар аз Эрону Кореяи Ҷанубӣ ва Афғонистон назорат дар марзро сахттар кардаанд.
Дар пайи хуруҷи коронавирус ва марги чандин нафар дар Эрон, мақомоти Тоҷикистон парвози ҳавопаймоҳоро аз Душанбе ба шаҳрҳои Эрон қатъ кардаанд.
Барои иштирок дар ин мунозира намояндагони Ҳизби халқӣ-демократӣ, Ҳизби демократ ва Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон даъват шуда буданд, вале намояндагони ҲХДТ ва ҲДТ даъватро напазируфтанд.
Ёфтҳои бештар