Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Деҳаи Марғоби ноҳияи Ҳамадонӣ бо 300 хонавода то ҳол нирӯи барқ надорад. Ба гуфтаи мақомот, дар вилояти Хатлон дар маҷмӯъ 116 деҳаву деҳкада умуман аз барқ маҳруманд.
Шаҳрдории Кӯлоб барои зане ки дар назди бозори шаҳр дар як “хонаи сайёр”, вале амалан дар кӯча ба сар мебурд, барои сохтани хона замин ҷудо кардаанд. Вале Сарварбӣ Шарипова рӯзҳои охир боз майдони назди шаҳрдориро “маскан” кардааст.
Шаҳдори Кӯлоб Абдулғаффор Раҳмонзода ба ҳайси номзади ҳизби ҳоким ба интихоботи порлумонӣ аз ҳавзаи Кӯлоб пешбарӣ шудааст. Ҳизби аграрӣ дар ҳавзаи Спитамен Аҳмадҷон Қобилов ва ҳизби наҳзат дар Файзобод Раҳматуллоҳи Раҷабро номзад кардаанд.
Дар Кӯлоб шахсеро, ки ҳудуди 10 рӯз қабл манзили корманди собиқи Хадамоти гумруки Тоҷикистон Ҷумъахон Раҷабов ворид ғорат карда буд, боздошт кардаанд.
Кандани панҷараву сангу салибҳо аз қабристони рустаборон дар ноҳияи Фархор ҷамъияти хеле кӯчакшудаи масеҳиёни сокини ин ноҳияи воқеъ дар ҷануби Тоҷикистонро сахт нигарон кардааст.