Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Дар маркази шаҳри Кӯлоб ба муносибати "Соли оила" эълон шудани соли ҷорӣ -- 2015, муҷассамаи "Оилаи хушбахт" қомат афрохт.
Даҳҳо тан кӯдакон дар ноҳияи Фархор ду моҳи таътили тобистонаи худро бо ҷамъоварии таппӣ ё таппак - саргини чорво пушти сар намуданд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон субҳи душанбе бо сафари корӣ ба Кӯлоб рафта, аввал оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, маъруф ба Ҳазрати Амирҷонро зиёрат кардааст.
Як зани нонпаз аз шаҳри Кӯлоб бо ифтихор мегӯяд, дар 25 соли кораш шояд чанд миллион нон пухта бошад ва дар ин муддат ҳазорон нафар маззаи нони ӯро чашидаанд.
Ҳудуди сӣ коргари як корхонаи чинии хиштбарорӣ дар шаҳри Кӯлоб ба далели пардохт нашудани маошашон корпартоӣ карда, аз шаҳрдорӣ барои ҳалли қазияашон ёрӣ хостаанд.
Имсол, ба фарқ аз маъракаҳои гузашта, барои ширкатдорони фаъоли маъракаҳои тантанавӣ дар Кӯлоб дар ҳаҷми 100 сомонӣ ҳаққи хизмат пардохт мешавад.
Дар Кӯлоб ҳудуди 100 ҷуфтро, ки тақрибан даҳ сол боз якҷоя зинда дошта, аз ин зиндагии муштарак соҳиби фарзанд будаанд, нав расман никоҳ кардаанд. Ин кор баъд аз талаби шаҳодтаномаи таваллуди фарзандони онҳо сурат гирифтааст.
Рӯзи 20 август бозиҳои аввали чаҳорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол баргузор шуданд.
Як тарроҳ ё худ дизайнери хуҷандӣ тавассути насби муҷассама дар дохили як дарахти қадимии Кӯлоб маҳсули табиат ва дасти инсонро ба ҳама оварда, дарахтро аз буридан наҷот дод.
Дар шаҳри Кӯлоб сохтмони ҳавзи пӯшидаи оббозӣ дар ҳоли анҷомёбист, ки бо маблағи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бунёд мешавад.
Манзили генерали собиқ Ғаффор Мирзоев дар Кӯлоб ба осоишгоҳ табдил дода шуд ва қарор аст то якуми сентябр, дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ин шаҳр, мавриди истифода қарор гирад.
Хадамоти оташнишонии минтақаи Кӯлоб аз сӯхтор дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон хабар медиҳад. Манбаи Озодӣ мегӯяд, иллати сӯхтор тирандозӣ дар он сӯи марз буд.
Нуриддин Давлатов, сокини ноҳияи Восеъ моҳи июл дар марзи Сурия дар пайи рейди ходимони амниятии Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуд.
Ягона духтаре дар миёни панҷсад довталаби Коллеҷи милисаи шаҳри Кӯлоб аз имтиҳон нагузашт, аммо мегӯяд, рӯҳафтода нест ва соли оянда бори дигар нерӯяшро хоҳад озмуд.
Наздик ба дуним ҳазор сокини ноҳияи Фархор, ки дар муҳоҷирати корӣ дар Русия буданд, ба хотири ифротӣ нашудан бо даъвати мақомот ба Ватан баргаштаанд.
Дар Русия ба тундгароӣ гаравидану ба Сурия ва Ироқ рафтани донишҷӯён падару модаронро дар Тоҷикистон водор кардааст, ки ба таҳсили фарзандони худ дар Русия мухолифат кунанд.
Раиси ноҳияи Шӯрообод аз сокинони «Мумирак» дар ҳамсоягии тамрингоҳи пойгоҳи 201-и Русия даъват кард, ки рӯзҳои сешанбе, чоршанбе, панҷшанбе ва ҷумъа аз хонаҳояшон набароянд.
Масъулони Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб бар асоси натиҷаҳои як пурсиши махфӣ миёни донишомӯзон даҳ муаллими ин муассисаро ба гумони "ришвахорӣ" ва "камсаводӣ" аз кор рондаанд.
Додситонии Кӯлоб парвандаи се афсари қисмҳои низомиро бо иттиҳоми бадрафторӣ дар нисбати зердастонашон таҳқиқ ва ба додгоҳ фиристодааст.
Дар хонае, ки Нигинаро додгоҳи Кӯлоб маскун карда буд, ба ҷуз аз ду фарзанд дигар ҳама собиқ шуда буд. Хусури собиқ, хушдомани собиқ, шавҳари собиқ ва наздикони шавҳари собиқ.
Ёфтҳои бештар