Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Торикии хиёбонҳои аслии Кӯлоб, шомгоҳон ин шаҳри пуршӯру мағалро ба шаҳри беодам табдил медиҳад ва сокинон бо фаро расидан торикӣ, танҳо дар гирду атрофи Боғи фарҳангӣ ва кӯчаи марказӣ, мушоҳида мешаванд.
Занҳои чӯпон мегӯянд, ки бо иродаи мардона даҳҳо сар гӯсфандонро аз даррандаҳои кӯҳӣ наҷот дода ва дар нигоҳубини чорво саҳми фаъол мегиранд.
Моҳира фарзанди аввалро дар роҳ таваллуд кардааст. Ҳамраҳи модараш тифли 3 сола ҳоло чупонӣ мекунад. Падару модари Моҳира чупон буданд. Худ низ аз хурдсолӣ қафои рама медавид. Хостгорҳоро ба хотири бачаи чупон рад кардааст ва ҳоло зиндагӣ дар дашту пушта, бо ӯ, барояш хуш мегузарад.
Аспи Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси додгоҳи Олии Тоҷикистон шоҳҷоизаи бузкашии наврӯзии имсола дар ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлонро насиби соҳибаш кард. Аспи Шермуҳаммад Шоҳиён бо лақаби "Файсон" дар ин бузкашӣ ҷои аввал гирифт. Шоҳҷоизаи ин мусобиқаи мошини сабукрави "ВАЗ 2107" ва шутур буд.
Дар мусобиқаи бузкашӣ дар ҷамоати Шамсиддин Шоҳини ноҳияи Мӯъминобод ба муносибати ҷашни “Наврӯз”, аспи Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси додгоҳи Олии Тоҷикистон соҳиби ҷои аввал шуд.
Сокинони манотиқи Тоҷикистон рӯзи 21 март аз ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ таҷлил карданд. Мақомоти расмӣ мегӯянд, ки ҷашнҳои наврӯзӣ дар саросари кишвар то панҷшанбеи 24 март идома хоҳад кард.
Манобеи Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон мегӯянд, ки сохтмони дидбонгоҳи марзии "Гулхан"-ро Чин сармоягузорӣ карда, дар расми ифтитоҳаш намояндаи он кишвар ширкат доштааст.
Тафтиши парвандаи полковники собиқи милиса Рустам Темуров, муллақаб ба «Рустами Калла» ба итмом расида эҳтимолан рӯзи 15 март ба додгоҳи минтақаи Кӯлоб ирсол шавад.
Духтар ва се писари Сафаралӣ Холов, раиси Федератсияи кикбоксинги Тоҷикистон ин риштаи варзишро интихоб намуда, дар он муваффақиятҳо ба даст овардаанд.
Варзишгарони як хонавода дар ноҳияи Восеъ даъвати Олмону Узбакистон ва Русия барои ҳунарнамоӣ дар дастаи ин кишварҳоро дар мусобиқот, рад кардаанд.
Додгоҳи ноҳияи Фархор се сокини ин минтақаро барои барангехтани кинаву адовати миллӣ ва ифротгароӣ мутаносибан ба 5, 5 ва 14 соли зиндон маҳкум кардааст.
Сайҷалол Каримзода, сокини 62-солаи ноҳияи Фархор, ки солҳо боз машқи шеър мекунад, як шеър дар васфи раисҷумҳури Қазоқистон эҷод кард ва онро тариқи почта ба Қазоқистон ирсол намуда, баъди шаш моҳ мукофот гирифт.
Як шоири 62-сола аз ноҳияи Фархор барои шеъри дар васфи раисҷумҳури Қазоқистон навиштааш аз сӯи Нурсултон Назарбоев бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ шуд.
Мақомоти ноҳияи Данғара мегӯянд, алакай моҳи июн дар ин минтақа бузургтарин корхонаи коркарди нафти Тоҷикистон ба кор оғоз хоҳад кард.
Оҷонсии назорати давлати молиявӣ ва мубориза бо фасод ду афсари пулисро ба иттиҳоми ришваситонӣ ва ҳабси як сокини Ҳамадонӣ боздошт карда, парвандаи якеро ба додгоҳ фиристодааст.
Дар пайи ошкор шудани як қазияи фасоди идорӣ тамоми кормандони бахши молияи минтақаи Кӯлобро барканор кардаанд.
Рустам Холов, сокини 50-солаи шаҳри Кӯлоб, ки Радиои Озодӣ дар бораи сарнавишти ӯ ва аз даст рафтани хона ва ягона дороиаш гузориш дода буд, бо дахолати мақомоти амният манзилашро бозпас гирифт.
Мақомоти ноҳияи Фархор дар ҷануби Тоҷикистон аз моҳи декабри соли гузашта боз қонунӣ будани сохтмони хонаҳоеро таҳқиқ доранд, ки 500 метр дуртар аз хатти марз ва дар минтақаҳои тиррас бо Афғонистон сохта шудаанд.
Додситонии ноҳияи Фархор ба таҳқиқи хонаҳое пардохтааст, ки дар наздикии марз бо Афғонистон қарор доранд.
Фабрикаи мурғпарварии Мӯъминобод, ки дар ҳузури раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ шуда буд, қариб 4 сол боз фаъолият намекунад.
Ёфтҳои бештар