Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Дар Тоҷикистон аксарияти онҳое, ки аз 30-сола боло ҳастанд, мегӯянд, омӯхтани забони хориҷӣ барояшон дер шудааст ва мумкин аст, ба осонӣ ёд нагиранд.
Ҷасади ду сокини ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон, ки тақрибан ним сол пеш дар як амалиёти ФСБ ё Хадамоти федеролии амнияти Русия дар ноҳияи Владимир кушта шуданд, ба зодгоҳашон оварда хоҳад шуд.
Шаш сокини ноҳияи Ховалинг ва вилояти Суғд бо ҷурми дуздии тақрибан шаст хар дар ин минтақа, ба дусолӣ ҷазои ғайриҳабсӣ, маҳкум шуданд. Мақомоти додгоҳ гуфтанд, ки ин афрод баҳори имсол, ҳангоми интиқоли даҳҳо хар аз ноҳияи Ховалинг ба Душанбе, дастгир шуда, то замони содир шудани қарори додгоҳ дар боздоштгоҳ буданд.
Як модари рус дар Тоҷикистон, ки писараш ба Ироқ рафта, бенишон шудааст, мегӯяд, ҳоло ҷабри рафтори фарзанди 25-солаашро мекашад. Татяна Бичкова, сокини ноҳияи Муъминобод, ду сол пеш писарашро гум кард ва садои ӯро охирин дафъа аз Ироқ шунид. Баъд аз ин, ӯ ва писари калониашро аз кор дар ниҳодҳои интизомӣ хориҷ карданд.
Як модари рус дар Тоҷикистон, ки писараш ба Ироқ рафта, бенишон шудааст, мегӯяд, ҳоло ҷабри рафтори фарзанди 25-солаашро мекашад. Татяна Бичкова, сокини ноҳияи Муъминобод, ду сол пеш писарашро гум кард ва садои ӯро охирин дафъа аз Ироқ шунид.
Даҳҳо муҳоҷири кории тоҷик баъди ихроҷ аз Русия барои худ дар мавзеи Шугнови ноҳияи Ховалинг кор пайдо кардаанд. Дар ҳоли ҳозир тақрибан 200 шаҳрванди депортшудаи Тоҷикистон дар мавзеи Шугнов хайма зада, аз субҳ то шом тилло ҷустуҷӯ менамоянд.
Сабаби афзоиши сагҳои дайду дар шаҳри Кӯлоб, вуруди ин гуна сагҳо аз дигар навоҳии гирду атроф будааст. Ҳоло масъулияти поксозии шаҳр аз сагҳои дайду, ба дӯши Идораи коммуналӣ вогузор шудааст.
Дар Кӯлоб ҳамлаи сагҳо ба мардум сол ба сол афзоиш меёбад. Танҳо дар 8 моҳи имсол 400 нафарро дар Кулоб саг газидааст. Соли гузашта 300 нафар аз ҳамлаи сагҳо осеб дидаанд. Чаро сагҳо дар минтақа зиёд шудаанд. Дар ин видео бубинед.
Як зани серфарзанди тоҷик мегӯяд, аз ҷониби оилаи як араби сарватманд азият мешавад.
Навбат истодан барои об дар кӯҳистони Тоҷикистон ҳодисаи нодир аст, зеро минтақаҳои кӯҳӣ маъмулан серобанд ва бештари мардум барои ҳамин кӯҳистонро интихоб ва чорводориву зироатпарварӣ мекунанд.
Навбат истодан барои об дар кӯҳистони Тоҷикистон ҳодисаи нодир аст. Аммо ҳоло 24 аз 50 хонаводаи деҳаи Қавоқи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин маҷбуранд соатҳову рӯзҳои худро барои дастрас кардани об сипарӣ кунанд.
Сайсоро Қодирова, сокини 63-солаи минтақаи Кӯлоб, аз ҷумлаи камшумор занонест, ки таксиронӣ мекунад ва агар рӯзе ба кор набаромад, шариконаш “парешон” мешаванд.
Ҳабиб Қарахонов, як сокини ноҳияи марзии Ҳамадонӣ, пас аз ду ҳафтаи асорат аз чанги қочоқчиёни афғон озод карда шуд. Мақомоти интизомӣ дар вилояти Тахори Афғонистон рӯзи 27-уми сентябр Ҳабиб Қарахонови 55-соларо ба ҷониби Тоҷикистон таслим кардаанд.
Сайсоро Қодироваи 63-сола якчанд сол пеш сактаи мағзӣ шуд. Ӯро ҷароҳӣ карданд. Осори ин бемори ҳанӯз ҳам дар чеҳрааш пайдост. Бо вуҷуди таъкиди табибу фарзандон, боз паси чамбари мошин нишаст.
Мақомоти ҳифзи табиат дар Тоҷикистон буридани дарахти чормағзи мевадиҳандаро манъ карда, барои онҳое, ки ин қарорро нодида мегиранд, то 1500 сомонӣ, муодили тақрибан 200 доллар ҷарима таъин намудаанд.
Мақомоти Кӯлоб кӯлчаву ҳалвои хонаводаи як арӯсеро барои нақзи қонуни танзим мусодира карда, ба шифохонаи бемориҳои равонӣ бурдаанд.
Мақомоти шаҳри Кӯлоб кӯлчаву ҳалвои ба муносибати арӯсӣ омодашуда дар хонаи сокини ҷамоати Даҳана Зайдулло Худоёровро мусодира карда, ба як бемористони рӯҳӣ ҳадя намуданд. Онҳо гуфтанд, ки таҳияву тақдими ширинӣ дар маросими омодагиҳо ба арӯсӣ хилоф бо муқаррароти қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим аст.
“Чанголи аҷал” паҳлӯҳои норӯшани бархе ҳодисаҳои нохуш ё кушторҳои пурсарусадо, аз ҷумла дар артишро боз мекунад.
Кӯлоб, шаҳре, ки 200 ҳазор аҳолӣ дорад ва рӯзе то 2 ҳазор меҳмон аз дуру наздик ба маркази он меоянд, ҳамагӣ панҷ ҳоҷатхонаи ҷамъиятӣ дорад. Аксар меҳмонони Кӯлоб шикоят мекунанд, ки набуди макони вижаи қазои ҳоҷат ба ҳаракати онҳо дар шаҳр мушкил эҷод мекунад.
Кӯлоб-шаҳре, ки 200 ҳазор аҳолӣ дорад ва рӯзе то 2 ҳазор меҳмон аз дуру наздик ба маркази он меоянд, ҳамагӣ панҷ ҳоҷатхонаи ҷамъиятӣ дорад.
Ёфтҳои бештар