Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Дар пайи як гузориши Радиои Озодӣ, шаҳрдории Кӯлоб ба хонаводаи бесарпаноҳе, ки дар холигоҳи лифт зиндагӣ мекард, дар яке аз маҳаллаҳои ин шаҳр макони зист ҷудо кард.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон дар соли 2017 шоҳиди чандин фоҷеае буд, ки бо марги марзбонҳои тоҷик анҷомид.
Тасмими мақомот барои иҷозати бунёди манзил дар бахше аз як қабристони маҳалла боис ба нигаронӣ ва нороҳатии сокинони атроф шуд.
Директори мактаби таҳсилоти умумии №34 деҳаи “Иттиҳод”-и ноҳияи Данғара баъди матраҳ кардани мушкили камбуди обу барқ аз кор сабукдӯш шудааст.
Шаҳрдори Кӯлоб дастур додааст, ки дар 20 гӯшаи ин шаҳр “Арчаҳои солинавӣ” гузошта шавад.
Додситони ноҳияи Восеъ пас аз нашри матбале дар сомонаи Радиои Озодӣ, нисбати муфаттиши шӯъбаи корҳои дохилии ин ноҳия аз рӯи моддаи “ба худкушӣ расонидан” парвандаи ҷиноӣ боз карда тафтишотро шурӯъ намуд.
Додситонии шаҳри Кӯлоб алайҳи Валӣ Давлатов, раиси корхонаи «Суғдиён», бо иттиҳоми фиреби муштариҳо парвандаи ҷиноӣ боз карда, барои баррасӣ ба додгоҳ фиристодааст.
Каромат Шарипов, раҳбари “Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик”-ро, ки бо қарори додгоҳи Русия аз ин кишвар ихроҷ шуд, шаби гузашта ба Тоҷикистон фиристодаанд. Манобеи Радиои Озодӣ рӯзи 13-уми декабр гуфтанд, ки Шарипов соати сеи шаб ба фурудгоҳи Кӯлоб расид.
Додгоҳи ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон баҳси як сарчӯпон бо раиси Кооперативи тиҷоратии "Тебалай"-ро ба нафъи аввалӣ ҳал кард.
Ҳафтаи гузашта дар ноҳияи Фархор 18 корманди навтаъиншуда ба вазифаҳои гуногуни ҳукумати маҳаллӣ дар ҳузури раиси ноҳия ва кулли мақомоти ҳукумат савганд ёд кардаанд.
Ин порае аз номаи ҳаштсаҳифагии Саидамир Сӯфиев, сокини 53-солаи деҳаи Заркамари ноҳияи Восеъ аст, ки қабл аз худкушӣ иншо кардааст. Ҷасади ӯро рӯзи 30-юми ноябр дар оғилхона ёфтанд. Сӯфиев дар шарҳи худкушиаш кормандони милисаро гунаҳкор кардааст.
Ин порае аз номаи ҳаштсаҳифагии Саидамир Сӯфиев, сокини 53-солаи деҳаи Заркамари ноҳияи Восеъ аст, ки қабл аз худкушӣ иншо кардааст. Ҷасади ӯро рӯзи 30-юми ноябр дар оғилхона ёфтанд.
Хонаводаи полковник Хайриддин Аҳтамов, ки дар ҳамлаи силоҳбадастон дар марз бо Афғонистон ҷон дод, мегӯянд, то охирин нафар дар фикри кору вазифаи хизматиаш буд.
Хонаводаи Хушнудаи Файзалӣ мегӯяд, рӯзи 29 ноябр Давлатбеки Саймаъруф ба ҳамсараш телефон карда ӯро талоқ додааст. Зиндагии муштараки ин ду ҷавон, ки бидуни қайди ЗАГС ва бар асоси никоҳи исломӣ буд, 50 рӯз тӯл кашид.
Зиндагии 200 хонавода дар як деҳаи дурдасти ҷануби Тоҷикистон зиндагӣ дар солҳоеро мемонад, ки дар кишвар аслан нирӯгоҳи барқӣ вуҷуд надошт ва мардум фақат бо хару ароба мегаштанд.
Нигоҳи онҳо ба сӯи давлатест,ки мансабдоронаш пайваста аз масъулият шона холӣ мекунанд.
Давлатбеки Саймаъруф аз худ ҳимоят ва иддао кард, ки ҳеҷ гоҳ даст ба ҳамсараш набардоштааст. Давлатбек гуфт, хонумаш “бемории равонӣ” дошт. Он чи ки худи Хушнуда ва хешовандонаш комилан рад мекунанд.
Давлатбеки Саймаъруф иддао кард, ки ҳеҷ гоҳ Хушнударо азият накардааст ва пофишорӣ дорад, ки ҳамсари қонуниаш маризии рӯҳӣ дорад ва ба ҳамин хотир дигар зиндагии муштарак бо ин занро намехоҳад.
Дар пайи занозании як гурӯҳ аз донишҷӯён дар бинои асосии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб мудири факултаи таъриху ҳуқуқ ва муовинаш аз мақомҳои худ барканор шудаанд.
Ёфтҳои бештар