Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Дар ноҳияи Балҷувон ду ғор сол ба сол ба як мактабе наздик мешаванд, ки бештар аз 300 нафар онҷо дарс мехонанд. Бачаҳои ин мактаб солҳост орзуи мактаби нав доранд, вале мақомот мегӯянд, ҳанӯз барои сохтани мактаби нав пул надоранд.
Дар ноҳияи Балҷувон ду ғор сол ба сол ба як мактабе наздик мешаванд, ки бештар аз 300 нафар онҷо дарс мехонанд. Бачаҳои ин мактаб солҳост орзуи мактаби нав доранд, вале мақомот мегӯянд, ҳанӯз барои сохтани мактаби нав пул надоранд.
Меҳрӯз Тоиров -- сардори зершӯъбаи Комиссариати ҳарбии ноҳияи Фархор бо иттиҳоми гирифтани беш аз 5 ҳазор сомонӣ ва барои таҳияи билети ҳарбӣ ба як сокини ин ноҳия боздошт шудааст.
Писари як вакили ноҳияи Шамсиддин Шоҳин пас аз таънаву маломати ҳамдеҳагон ба падараш ихтиёран ба хидмати артиш рафтааст.
Масъулони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон мегӯянд, ки сабаби беҳушшавии 27 хонандаи мактаби деҳаи Чаргии ноҳияи Мӯъминобод маълум нашудааст.
Масъулони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон мегӯянд, ки сабаби беҳушшавии 27 хонандаи мактаби деҳаи Чаргии ноҳияи Мӯъминобод маълум нашудааст. Нисфирӯзии 5-уми апрел ба якборагӣ хонандаҳои синфи 5 ва 7-и ин мактаб беҳуш шуданд.
Бар асари боронгариҳои зиёд ва боло рафтани мизони рудхонаи Даҳана дар охири моҳи март ҳашт гектар замини сокинони деҳаи Офтоблиқо хароб шудааст.
Додситонии шаҳри Душанбе тафтиши парвандаи марги Абдурасул Назаровро аз додситонии ноҳиявии Сино-2-и пойтахт ба ихтиёри худ гирифт, вале ҳанӯз парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст. Хешовандони Назаров бовар доранд, ки ӯ дар паи шиканҷаи полис даргузашт.
Наздикони Абдурасул Назаров, сокини шаҳри Кӯлоб, мегӯянд, ҷасади ӯро пас аз як рӯзи боздошт аз тарафи маъмурони милиса бо осори латту кӯб аз бемористони Қарияи Болои Душанбе гирифтаанд. Ин сокини кӯчаи Чармгарони шаҳри Кӯлоб муваққатан дар пойтахт мезист.
Рухсора Ҳасанова, сокини 36-солаи ноҳияи Муъминобод, баъди ба сару рӯйи фарзандонаш рехтани оби ҷӯш дар бемористони касалиҳои руҳии шаҳри Кӯлоб бистарӣ шудааст. Хонаводааш мегӯянд, ки ӯ дар гузашта бемории рӯҳӣ дошт ва соли 2012 табобат гирифта буд.
Рухсора Ҳасанова, сокини 36-солаи ноҳияи Муъминобод, баъди ба сару рӯи фарзандонаш пошидани оби ҷӯш дар бемористони касалиҳои руҳии шаҳри Кӯлоб бистарӣ шуд. Хонаводааш мегӯянд, ки ӯ дар гузашта бемории рӯҳӣ дошт, аммо соли 2012 табобат гирифта буд.
"Гӯштобак" бозие дар ҷануби Тоҷикистон аст ва ба қавли мардуми бумӣ, қаблан яке аз бозиҳои асосии наврӯзӣ буд.
Дар ҷануби Тоҷикистон русуме вуҷуд дорад,ки василаи санҷиши чолокӣ ва ҷасорати кӯдакон пиндошта мешавад.
Дар ҷануби Тоҷикистон дар рӯзҳои Наврӯз дар баъзе минтақаҳо ба ҳамдигар тухм ҳадя медиҳанд. Мехоҳед, маъниашро бидонед? Пас ин видеои ҷолибро тамошо кунед.
Сорбон Салимов, сокини деҳаи Тудабоёни ноҳияи Ҳамадонӣ, рӯзи 19-уми марти имсол духтараш Момагули сесоларо бо зарби бел кушт. Вай ҳамон рӯз духтари дигараш Раҷабгул ва ҳамсараш Боғигулро низ сахт маҷрӯҳ кард.
Сорбон Салимов рӯзи 19-уми март ду фарзанду занашро бо бел зад ва кудаки 3-солаашро кушт. Зани 58-солаи ҳамсояро ҳам бо зарби бел кушт. Волидонаш иддао доранд, ки сабаби ин рафтор бемории рӯҳии Сорбон буд, ки дар артиш ба он гирифтор шуд.
Ҷашни имсолаи Наврӯз дар Кӯлоб рӯзи 21-уми март дар “Амфитеатр”-и шаҳр шурӯъ шуд ва дар он ҳазорон нафар аз сокинони шаҳру ноҳияҳои атроф ҳузур доштанд.
Табаралӣ Шарифов, муҳандиси корхонаи ҳасиби “Орзу 2004”-и шаҳри Кӯлоб, ки моҳи январи имсол дар пайи заҳролудшавии ду хонавода ва марги Умаралӣ Давлатов боздошт шуда буд, се сол аз озодӣ маҳрум гардид.
Ёфтҳои бештар