Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Баъди як гузориши Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб садҳо аломати роҳро, ки қаблан аз тарафи афроди ношинос дуздида шуда буд, дубора барқарор кардаанд.
Баҳодур Раҳимов, яке аз соҳибмулкони анбори яклухтфурӯшии бозори марказии Кӯлоб, дар сӯхтори шаби 14 ба 15 август муттаҳам дониста мешавад. Ба гуфтаи мақомот, ин сокини Кӯлоб барои "наҷот" ёфтан аз қарзҳояш, даст ба чунин амал задааст.
Мақомоти шаҳри Кӯлоб дар соатҳои аввали таҳқиқи қазияи сӯхтор дар бозори маҳаллӣ фарзияи қасдан оташ задани анборҳои хӯроквориро дар навбати аввал ба баррасӣ гирифтаанд.
Фаъолияти гузаргоҳи “Кокул” дар ноҳияи Фархори Тоҷикистон баъди ба дасти гурӯҳи Толибон гузаштани гузаргоҳи “Ойхонум” дар Афғонистон қатъ шуд.
Шаби 27 ба 28-уми июл, ки мардум дар Тоҷикистон “Гирифтани моҳро тамошо мекарданд, гурӯҳе дар кӯҳҳои Норак, дар партави моҳи хунин барномаи як ҳамлаи хунинро мекашид.
Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, ки рӯзи 8-уми август бо як сафари корӣ ба Кӯлоб рафт, аз моликони корхонаву ширкатҳои аз кор монда хостааст, ки онҳоро то ҷашни 30-умин солгарди истиқлол фаъол кунанд.
Маркази ташхиси тиббӣ-додгоҳии вилояти Хатлон сабаби садама бо иштироки Иззатулло Шамсуллозода, муфаттиши пешини додситонии ноҳияи Ховалингро, ки дар натиҷа Рамазон Асламови 33-сола ва Фатҳулло Расулови 25-сола ҷон бохтанд, "айби техникӣ" гуфтааст. Аз ин рӯ, ин ҳолатро ҳоло Додситонии кулл зери тафтиши худ гирифтааст.
Дар пайи сӯхтор дар манзили собиқ сардори Комиссариати ҳарбии минтақаи Кӯлоб Рустам Бурҳонов, ҳамаи се фарзанди ноболиғи ӯ ҷон бохтаанд. Ҳодиса нимашаби гузашта дар як бинои баландошёна воқеъ дар кӯчаи Нурулло Ҳувайдуллоеви шаҳри Кӯлоб, рух додааст.
Додситони кулли Тоҷикистон дар нисбати Иззатулло Шамсуллозода, муфаттиши собиқи додситонии ноҳияи Ховалинг барои ба ҳалокат расонидани ду сокини ноҳияи Восеъ дар як садамаи нақлиётӣ, парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.
Ҷамоати Себистони Данғара рӯзи 29 июл макони ҳамла ба ҳафт ҷаҳонгарди хориҷӣ шуд, ки дар натиҷаи он чор нафар кушта ва се тан маҷрӯҳ шуданд. Хабарнигори Радиои Озодӣ Маҳмудҷон Раҳматзода рӯзи 30 июл аз макони фоҷеа дидан ва бо масъулини маҳаллӣ ҳам сӯҳбат кард
Модари Ҳувайдо Тиллозода, духтари панҷ солаи тоҷик, ки дар Русия таҷовуз ва кушта шуд, тасмим гирифтааст, ки дигар ба Русия бар нагардад.
Барои тамошои гирифтани моҳ, як ҳодисаи нодири кайҳонӣ, дар Тоҷикистон даҳҳо нафар мунаҷҷимон ва дӯстдорони ин илм шабро дар расадхонаи астрономии Ҳисор, рӯз карданд.
Гирифти Моҳ ё зери сояи замин рафтани он соати 23 :24 ба вақти Тоҷикистон сар шуд ва курраи Моҳ зери сояи замин рафт. Дар Душанбе ҳаво абрист ва якбора баъди шуруъи гирифти Моҳ, он зери абр монд.
Марде, ки соли 2014 сардори маҳбаси Кӯлобро бо 18 зарби қайчӣ кушта ба зиндони абад маҳкум шуда буд, дар маҳбаси шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппа) даргузашт.
Шоми 27 июл сокинони Тоҷикистон ҳодисаи гирифтани Моҳро мушоҳида хоҳанд кард. Дар ҳоле донишмандон инро як ҳодисаи табиӣ арзёбӣ мекунанд, сокинони Тоҷикистон мегӯянд, дар манотиқи мухталифи кишвар ин ҳодисаро ба боварҳои мухталиф рабт медиҳанд.
Ҷасади Ҳувайдо Тиллозодаи 5-сола субҳи 25-уми июл бо андаке таъхир тавассути парвози ширкати "Тоҷик Эйр" аз Маскав ба Душанбе оварда шуд.
Парвандаи ҷиноии як ходими полиси Кӯлоб, ки саҳнаи ришва талаб кардани ӯ аз як сайёҳи руминӣ мавриди интиқоди шадид дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуд, қатъ шудааст.
Бобоҷон Азиз, ҳунарманди номдори Тоҷикистон ду рӯз ба ин сӯ дар яке аз бемористонҳои шаҳри Душанбе дар ҳолати беҳушӣ (кома) қарор дорад.
Ёфтҳои бештар