Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Гуруҳе аз сокинони ноҳияи Восеъ мегӯянд, солҳои тӯлонӣ аст, ки мунтазири гирифтани як порча замин ҳастанд, вале ба онҳо замин намедиҳанд. Чаро? Дар ин видео бубинед.
Як боғбони тоҷик ба хотири чаҳор сайёҳи хориҷӣ, ки соли гузашта дар ҳамлаи террористӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон кушта шуданд, чаҳор ниҳоли зардолу шинонд.
Дар натиҷаи садамаи як мошини "Урал" дар ноҳияи Балҷувон, шаш нафар ҷон бохта ва ҳашт тани дигар захмӣ шудаанд.
Шоҳрух Муҳиддинзода, собиқ сардори шӯъбачаи кофтукови ҷиноиии ШКД-и ноҳияи Ҳамадонӣ, ки бо ҷурми қоҷоқи маводи мухаддир соли гузашта 14,5 сол зиндон шуда буд, дар боздоштгоҳи Кӯлоб ба ҷони худ сӯиқасд кардааст.
Ҷангалбонҳо дар пайи ҳифзи майдонҳо дар кӯҳҳои ҳаммарз бо Афғонистон, тавонистанд зебоиҳои аз дастрафтаи ин кӯҳҳоро дигарбора барқарор кунанд.
Баъзе аз занони тоҷик мегӯянд, пухтани суманак - ғизои асосии Наврӯз - қоидаҳои худро дорад. Агар риоя кардӣ, солро ба хушӣ мегузаронӣ, вагарна бо ғам. Чӣ гуна? Дар ин видео бубинед.
Бинои як мактаб дар маҳаллаи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб, ки дувоздаҳ сол пеш бо харҷи ним миллион сомонӣ кумаки билоивази созмонҳои ҷаҳонии молӣ сохта шуд, ба вайрона табдил ёфтааст. Мактаби рақами 41-ро дар рӯзҳои таҷлил аз 2700-солагии Кӯлоб чун иморати ҷашнӣ ба истифода дода буданд.
Бинои як мактаб дар маҳаллаи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб, ки дувоздаҳ сол пеш бо харҷи ним миллион сомонӣ кумаки билоивази Бонки Ҷаҳонӣ сохта шуд, ба вайрона табдил ёфтааст. Мактаби рақами 41-ро дар рӯзҳои таҷлил аз 2700-солагии Кӯлоб чун иморати ҷашнӣ ба истифода дода буданд.
Деҳқонҳои тоҷик дар ҷануби Тоҷикистон пеш аз фаро расиданаи баҳор ва дар шабурӯзи Наврӯз 12 навъи ғалладонаро тар мекунанд ва баъди сабзидани донаҳо маълум мекунанд, ки кадом навъи он дар соли нав ҳосили хуб медиҳад.
Мардуми Навобод зарфу либоси шустаро дубора обгардон мекунанд. Мегӯянд, "оби чашма фарқ мекунад". Ин "фарқ" дар фаҳмиши онҳо, яъне пок ва муқаддас. Об аз чаҳор унсури муқаддасест, ки қадимиҳои ин мардум ба он арҷ мегузоштанд.
Додситонии ҳарбии минтақаи Кӯлоб алайҳи сардори пешини комиссияи тиббии Комисарияти ҳарбии Кӯлоб ва сардори зершӯъбаи молияи ин комиссариат бо иттиҳоми гирифтани пора ва рухсат додани панҷ даъватшаванда, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Деҳқонҳои тоҷик дар ҷануби Тоҷикистон пеш аз фаро расиданаи баҳор ва дар шабурӯзи Наврӯз 12 навъи ғалладонаро тар мекунанд ва баъди сабзидани донаҳо маълум мекунанд, ки кадом навъи он дар соли нав ҳосили хуб медиҳад. Ин анъана дар миёни кишоварзон бо номи “фолгирӣ” машҳур аст.
Дар шаҳри Кӯлоб пули зиёди фарсуда дар гардиш аст, ки баъзан мояи баҳс ва ҷанҷоли фурӯшандаву харидор мешавад.
Тарси афзоиши талоқ ва нимаятим шудани кӯдакон, ҳукумати Кӯлобро водор кардааст, то барои ба ифоқа овардани оилаҳои ноустувор чора андешад. Сол ба сол дар ин шаҳр шумораи оилаҳое, ки аз ҳам ҷудо мешаванд, афзоиш меёбад.
Гӯштфурӯшони бозори марказии Фархор дар эътироз ба тасмими идораи андоз, дари дӯконҳои худро бастаанд. Мақомот аз онҳо хостаанд, ки бидуни мошинҳои хазинадорӣ ё "кассовий аппарат", дигар фаъолият накунанд.
Ёфтҳои бештар