Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Дар деҳаи Заркорон дар ноҳияи Восеъ, ки бо номи Паҳлавонобод ҳам машҳур аст, даҳҳо оилаи лӯлӣ ё ҷӯгӣ ба сар мебаранд. Аксар сокинони деҳаҳои атроф онҳоро бо талбандагӣ ва дурӣ аз таҳсилу бекорӣ мешиносанд, аммо худи лӯлиён мегӯянд, солҳои охир шеваи зиндагиашон тағйир кардааст.
Сокинони деҳае дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, ки зимистонаш шаш моҳ тӯл мекашад, аз надоштани роҳ ба марказ ва шароити дурусти зиндагӣ шикоят мекунанд.
Сокинони деҳае дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, ки зимистонаш шаш моҳ тӯл мекашад, аз надоштани роҳ ба марказ ва шароити дурусти зист шикоят доранд. Хабарнигори Радиои Озодӣ ду рӯзи моҳи январро дар ин деҳа гузаронд ва филме аз рӯзгори мардуми он таҳия кард.
Пас аз як моҳи нашри гузориши Радиои Озодӣ дар бораи зане, ки дар кулбаи оҳание бо навиштаи "Сартарашхона" дар шаҳри Кӯлоб зиндагӣ мекард, афроди хайроҳ ба ӯ хона тӯҳфа кардаанд.
Сӯҳбати аксари занони деҳаи Булакдашти шаҳри Леваканд дар ҷашни наврӯзӣ дар бораи фарзандони муҳоҷирашон буд, ки мегӯянд, “ду Наврӯз боз онҳоро надидаанд”.
Дар баъзе аз минтақаҳои Кӯлоб то кунун як расми қадимӣ мондааст, ки бо баргузории маросими ашагулон аз Худо мехоҳанд, борон фиристаду "файз бирезонад". Чӣ гуна маросим аст ва чӣ гуна дуо мехонанд, худатон бубинед.
Корхонаи коркарди санг дар ноҳияи Балҷувон, ки қарор буд намунаи саноатикунонии деҳот гардад, дар амал ба як тарҳи дигари номуваффақ табдил ёфтааст.
Кормандони Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон чаҳор нафар, аз ҷумла имомхатиби яке аз масҷидҳои калони шаҳри Кӯлобро боздошт кардаанд.
Хонаи оҳание бо навиштаи “Сартарашхона” дар шаҳри Кӯлоб манзили як зани танҳо аст, аммо ба ҷуз аз маҳкам будани гирду атрофаш на барқ дорад, на оби ошомиданӣ. Танҳо барои шабро рӯз кардан ва аз боду газанд наҷот ёфтани Зӯҳро Бобоёрова аст.
Як ширкати туркӣ ҳукумати шаҳри Кӯлобро барои пардохт накардани се миллиону 800 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби харидории қандилҳо ба додгоҳи иқтисодии Хатлон кашидааст.
Ҳамлаҳои пайиҳами ҷангҷӯёни Толибу дигар гуруҳҳои тундрав ба манотиқи марзии Афғонистон, мақомоти Тоҷикистонро водор кардааст, барои кӯмак дар тақвияти посбонии марз ба мардум ва шикорчиён муроҷиат намоянд.
Додситони низомӣ дар минтақаи Кӯлоб гуфт, дар даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш ҳеч мавриди "сарбозшикор" (облава)-ро сабт накардаанд. Хабарнигорону сокинон аз чанд ҳолати бо зӯр бурдани ҷавонон ба артиши Тоҷикистон мегӯянд.
Раиси вилояти Хатлон гуфт, омори вобаста ба замини кишти картошка дар ноҳияи Муъминобод, ки ба қавли ӯ дар рӯйи коғаз дигару дар асл дигар буд, боис ба барканории раиси ноҳия шудааст.
Раиси вилояти Хатлон аз аҳволи бади як пул дар ноҳияи Восеъ аз Фейсбук хабардор шудааст ва баъди он ки навори афтодани як дучархасаворро дар ин шабакаи иҷтимоӣ дидааст. Дар ду сол аз болои пули дешаи Шоҳбика дар Восеъ ду нафар афтода ва дасту пояшонро шикастаанд.
Саидамир Зуҳуров, раиси пешини Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, муовини сарвазир, Вазири корҳои дохилӣ ба синни 70 расид. Ҳоло ӯ дар ҳалқаи фарзандону наберагон даврони пирӣ меронад.
Ёфтҳои бештар