Аз моҳи декабри соли 2018 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори нашрияи "ИмрӯзNews" ва Оҷонси иттилоотии "Озодагон" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Шамсиддин Орунбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, касе ҳақ надорад донишҷӯёнро ба таври маҷбурӣ ба “маршировка” ҷалб намояд.
Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ният дорад, бо ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодҳои дигари давлатӣ як барномаи вижаи муқовимат бо коррупсия дар Тоҷикистонро таҳия кунад.
Раҳбарияти "Тоҷикстандарт" афзоиши шикояти сокинон аз вуҷуди маҳсулоти пастсифат ба ин ниҳодро, натиҷаи босамари ҳамкории худ бо ҷомеа медонанд.
Кумитаи андоз ва ё молиёти Тоҷикистон бо муроҷиат ба мардум ва ҳалқаҳои соҳибкориву тиҷорат хостааст, дар таҳрири Кодекси андоз, ки зиёд танқид мешавад, ширкат кунанд.
Масъулини Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хостори муқоисаи меъёри андозҳо бо ҳамсоякишварҳо ва беҳбудии фазои сармоягузории кишвар шуданд. Дар Тоҷикистон шикоят аз андозбандиҳо ва монеаҳои сунъӣ дар ин росто, зиёд садо медиҳад.
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон мегӯяд, ба дархости Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ барои дарёфти иҷозаи ҷамъоварӣ ва коркарди шираи камол посухи рад додааст.
Дар ҳоле, ки раҳбарияти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон кори деҳқониро дар кишвар фоидаовар меномад, бархе деқонон мегӯянд нагирифтани суд аз деҳқонӣ боиси он гардид, ки ё роҳи муҳоҷирати меҳнатиро пеш гиранд ё аз замин даст кашанд.
Як пажуҳиш ҳам нишон додааст, ки аксари сокиноне, ки хонахояш вайрон мешаванд , мурочиат ба додгоҳро бефоида медонанд.
Болоравии нархи гӯшт, ки ба афзоиши талабот дар моҳи Рамазон рабт дода мешуд, баъди анҷоми ин моҳ якбора шиддат гирифта, феълан арзиши як кило гӯшт дар Душанбе марзи 50 сомониро убур кардааст.
Додгоҳи олии Тоҷикистон даъвогари асосӣ алайҳи Бурҳониддин Сафаралиев, раиси як маҳалла дар шаҳри Ҳисорро ғайриинтизор аз толори додгоҳ паси панҷара бурда, дар сафи айбдоршавандаҳо ҷой додааст. Лаҳзае пеш за боздошташ ин шахс гуфт, бегуноҳ аст.
Зикриё Мирзоев, корманди пешини Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯяд, бо туҳмат зиндонӣ шуд ва акнун се сол аст, талош дорад, "доғи судӣ"-ро аз рӯйи номи худ бардорад, вале касе ба додаш намерасад.
Як сокини 19-солаи Варзоб иддао дорад, ки ҳамдеҳааш ӯро таҷовуз кардааст ва ӯ ҳомила шудааст. Духтару модараш мехоҳанд, гунаҳкор ҷазо бигирад. Аммо ҷавон шикояти духтарро беасос хонда, мегӯяд, духтар “бо хоҳиши” худ бо ӯ ҳамхоба шуд.
"Инсонҳо набояд кӯҳнапараст бошанд ва пешравӣ дар зиндагӣ ҳамеша аз қоллабшиканиҳо пайдо мешавад". Ин нуктаро Зокир Собиров, рассоми шинохтаи тоҷик, муаллифи ду равияи наққошӣ -"Нурворизм" ва "Танворизм"дар намоишгоҳи осори ҳунарии худ, ки бегоҳии 1-уми июл дар шаҳри Душнбе оғоз ёфт, иброз намуд.
Намоишгоҳи наққошиҳои рассоми варзидаи тоҷик дар Душанбе боз шуд. Шумо ҳам онро бубинед ва дар ин видеои Радиои Озодӣ
Афғонистон охирин гурӯҳи маҳбусони тоҷикро аз зиндонҳои худ ба Тоҷикистон интиқол дод.
Аз замони роҳандозии пардохти электронии "City Card" дар нақлиёти ҷамъиятии Душанбе як сол сипарӣ шуд ва масъулони тарҳ кори як солаи худро бомуваффақият унвон мекунанд.
Дар ҳоле, ки бархе омӯзгорони Панҷакент аз иҷборан харидорӣ намудани чиптаҳои консерти муштараки сарояндаҳои маъруфи тоҷик Нозия ва Муҳаммадрофеи Кароматуллоҳ изҳори нигаронӣ менамоянд, масъулини бахши маорифи ин шаҳр мегӯянд, билетҳо "ихтиёран" дастраси омӯзгорон шудааст.
Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе даъвои падари як сарбозро, ки баъди се соли ҳалокати писараш дар Горди миллии Тоҷикистон хостори ҷуброни моддиву маънавӣ шуд, рад кард. Аммо хонаводаи сарбоз аз ин ҳукм норозист.
Раиси пешини "Ҳавотоғ" дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд як зердасташро ба тасарруфи тақрибан ним миллион сомонӣ фоидаи осоишгоҳ муттаҳам кард.
Наздиконашон мегӯянд, ҳафтаҳост, наметавонанд, бо маҳбусон мулоқот кунанд, онҳо ва ҳомиёни ҳуқуқ аз вазъи зиндониён пас аз ошӯби 19 май изҳори нигаронӣ мекунанд, аммо мақомот гуфтаанд, то поёни тафтиши қазияи ошӯб дидор бо маҳбусон мамнуъ аст.
Ёфтҳои бештар