Аз моҳи декабри соли 2018 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори нашрияи "ИмрӯзNews" ва Оҷонси иттилоотии "Озодагон" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Чаро сарҳади нисбатан ороми Тоҷикистону Қирғизистон якбора ноором шуд? Кинаву адовати чандинсолаи сокинони наздимарзӣ сабаб шуд, шиорпартоиҳои мақомоти ду тараф ва ё обу заминҳои баҳсии бозмонда аз Шӯравии собиқ?
Гурӯҳе аз муштариёни ширкати "Уралские авиалинии" шикоят доранд, ки аз ин ширкат билети сафар ба Русияро хариданд, аммо рӯзи 1-уми май ба ҳавопаймо роҳ наёфтанд. Ба иддаои корафтодагон, ба ҷойи онҳо шахсони дигарро фиристодаанд.
Баъзе аз вакилони Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон мавзӯи "дедовшина" ё бадрафторӣ дар артиши кишварро ба баҳс кашиданд. Аз ҷумла, Саидҷаъфар Усмонзода, вакил ва раиси Ҳизби демократ, рӯзи 28-уми апрел дар ҷаласаи порлумон аз муовини аввали вазири дифоъ, Эмомалӣ Собирзода, хост, масъаларо шарҳ диҳад.
Масъулони Оҷонси авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон гуфтанд, ки баъд аз ҳушдори онҳо ба чаҳор ширкати ҳавопаймоӣ нархи билети парвозҳои чартерӣ ба Русия «поин омад». Ба қавли онҳо, акнун билети парвозҳои чартериро аз 8500 сомонӣ (беш аз 750 доллар) зиёд намефурӯшанд.
Як сокини шаҳри Турсунзода иддао дорад, додрасе аз ӯ хостааст, ки гуноҳро ба дӯш бигирад, аз ҷавобгарӣ озод карда хоҳад шуд. Нарзулло Каримов ба бадрафторӣ нисбат ба як зани ҳамдеҳааш муттаҳам аст.
Сокинони маҳаллаи Ҳуснободи шаҳри Душанбе мегӯянд, пас аз се моҳи тахриби чанд манзил дар ин маҳалла, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дигарбора ба вайрон кардани манзилҳояшон шурӯъ намудаанд.
Бархе аз омӯзгорони шаҳри Душанбе, ки ҳафтаи гузашта ваксинаи зидди бемории COVID-19 гирифтаанд, мегӯянд, баъди дарёфти он, як муддат ҳарорати баданашон баланд шуд.
Қиёмиддин Чақалов, ҳунарпеша ва ҳаҷвнигори маъруфи тоҷикро рӯзи 14-уми апрел дар оромгоҳи деҳаи Сари Мазори ноҳияи Файзобод ба хок супурданд. Ӯ дар 76-солагӣ даргузашт. Ба гуфтаи наздиконаш, Чақалов дарди рӯда дошт, аммо яке аз дӯстонаш бар ин аст, ки "ӯро сактаи дил аз пой афтонд".
Дар баробари аспирантҳову магистрантҳо, баъзе аз омӯзгорони мактабҳои миёнаи Тоҷикистон низ аз шеваи нави даъват ба артиш (аз маҷлис – ба комиссариати ҳарбӣ) шикоят доранд.
Баъди аз сар гирифтани парвозҳои мунтазам миёни Тоҷикистону Русия сокинон рӯзҳо боз пушти дари нуқтаҳои чиптафурӯшӣ барои хариди он навбатпоӣ мекунанд.
"Моро ба маҷлис даъват карданд. Гуфтанд, ки намояндагони порлумону вазоратҳои мудофиа ва адлия омада, муҳтавои қонуни навро "Дар бораи хидмати ҳарбӣ" мефаҳмонанд, аммо аз толор ба мошинҳо савор карда, ба комиссариати ҳарбӣ бурданд."
Парвози ҳавопаймои ширкати "ЮтЭйр", ки қарор буд шаби 3-юми апрел (соати 3:30) даҳҳо муҳоҷирро аз Душанбе ба Маскав бурда, ба ин тартиб, роҳи шаҳрвандони Тоҷикистонро ба Русия боз кунад, сурат нагирифт.
Хайрандеш (Хайриддин Қурбонов), шоири шинохтаи тоҷик рӯзи 4-уми апрел 60-сола мешавад. Радиои Озодӣ дар арафаи ҷашни зодрӯзаш бо ӯ суҳбате анҷом дод ва нахуст пурсид, ки имрӯзҳо саргарми чӣ корҳое ҳаст?
Парвози ҳавопаймои ширкати "ЮтЭйр", ки қарор буд шаби 3-юми апрел (соати 3:30) даҳҳо муҳоҷирро аз Душанбе ба Маскав бурда, ба ин тартиб, ба парвозҳои мунтазам байни ду кишвар оғоз бахшад, сурат нагирифт.
Вакилони порлумони Тоҷикистон барои, ба гуфтаи худашон, муътадил нигоҳ доштани арзиши маҳсулоти ғизоӣ ва сӯзишворӣ ба як идораи давлатӣ имтиёз доданд.
Пайвандони Иззат Амон, як ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, ки пас аз ихроҷ аз Русия дар Душанбе дастгир шудааст, гуфтанд, бо гузашти ду рӯз ҷойи нигоҳдории ӯро намедонанд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эълон кард, ки ба зидди Иззат Амон, ҳомии шинохтаи муҳоҷирони корӣ дар Русия бо иттиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Дар Тоҷикистон рӯзи 23-юми март маросими эмкунӣ ба зидди коронавируси нав оғоз шуд. Тоҷикистон то кунун 190 ҳазор воя ё доза ваксинаи "Астразенека" гирифтааст.
Ёфтҳои бештар