Аз моҳи декабри соли 2018 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори нашрияи "ИмрӯзNews" ва Оҷонси иттилоотии "Озодагон" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Муҳаммад Заҳири Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, 18-уми август эълон кард, ки Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали Ашраф Ғанӣ, ба таври қонунӣ раиси ҷумҳури он кишвар аст.
Эълони арзиши хидмати алтернативӣ дар Тоҷикистон, ки 25 ҳазору 200 сомонӣ (муодили беш аз 2 ҳазор доллар) муайян шудааст, вокунишҳои гуногунро ба вуҷуд овард.
143 низомии Афғонистон шаби 15-уми август тавассути чархболу ҳавопаймо аз ин кишвар фирор карда, дар фурудгоҳи шаҳри Бохтари Тоҷикистон поин омадаанд.
Пайвандони Меҳроншоҳ Ҷумъаев, корманди милисае, ки моҳи феврали имсол аз тири силоҳ дар бинои пулиси ноҳияи Панҷ ҷон бохт, аз болои ҳукми додгоҳи ин ноҳия ба Додгоҳи олии Тоҷикистон шикоят бурдаанд.
Пайвандони ду шахси гумонбар ба куштани чаҳор узви як оила дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон иддао доранд, ки онҳо шиканҷа шудаанд ва эҳтимол зери фишор гуноҳро ба гардан бигиранд. Як маъмури милиса дар ноҳияи Ҷайҳун шикояти онҳоро беасос номид, аммо дар бораи парванда ҷузъиёт надод.
Дар ҳоле ки мардум пештар аз бозор мувофиқи хосту ҷайби худ либос мехариданд, ҳоло аз онҳо тақозо шудааст, танҳо аз ярмарка либосҳои мактабӣ бихаранд ва расид ё чекашро ба маъмурияти мактаб нишон диҳанд. Мардум инро фишор меҳисобанд, баъзе намояндагони мақомот дастгирӣ аз ширкатҳои ватанӣ медонанд.
Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон, ҳангоми натиҷагирӣ аз тамрин дар наздикии марз бо Афғонистон гуфт, ки афзоиши ноамниҳо ва зери назорати Толибон даромадани бахшҳое аз кишвари ҳамсоя нигаронии онҳоро бештар кардааст.
Тоҷирон иддао доранд, ки ин кор ба зарари онҳо ва хонаводаашон аст. Намояндагони "Тоҷ Меъмор" бовар доранд, корашон тибқи нақшаи куллӣ ва қарори шаҳрдори Душанбе пеш меравад. Дар бораи моликони ширкати сохтмонӣ феълан иттилое дар даст нест.
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон гуфт, кишвар тавонистааст, дар шароити пандемияи коронавирус иқтисодро 8,7 дарсад рушд диҳад. Вале коршиносон ин оморро “фиреби назар” мешуморанд.
Тоҷикистон барои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС), ниҳоди зери назари Русия, ҳанӯз як ҷавоб дорад: "Дар ҳоли баррасӣ аст".
Акбаршоҳ Искандаров, раиси собиқи Шӯрои олии Тоҷикистон, рӯзи 1- уми август 70-сола шуд. Ӯ аз ҷумлаи сиёсатмадоронест, ки дар авҷи рӯёрӯиҳои солҳои навадум ба ин маснад расид ва ҳамзамон муддате иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон низ буд.
Раҳбарони Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон тағйири дигарбораи имлои забони тоҷикиро амри зарурие номиданд, ки ба гуфтаи онҳо, ҳадафаш бартараф кардани хатоҳои гузашта будааст. Вале ҷузъиёти бештар наоварданд.
Фирори се ҳамкори Парда Алимардонов, бародари Муродалӣ Алимардон, раиси пешини "Агроинвестбонк", ки ба "тасарруфи 52 миллион сомонӣ" гумонбаранд, баҳсҳоро дар мавриди бархӯрди духела бо муттаҳамон бештар кардааст.
Масъулони "Тоҷик Эйр" дар вокуниш ба қарори Додгоҳи Вилнюс, ки ширкатро ба пардохтани беш аз 20 миллион доллар ба “Скайроуд Лизинг” вазифадор кардааст, гуфтанд, “дар мавқеи худ устуворанд” ва “пулро нахоҳанд дод”.
Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон даъвои ширкати литвонии "Скайроуд Лизинг"-ро зидди ширкати давлатии ширкати "Тоҷик Эйр" эътироф кард.
Пас аз насби 5 дастгоҳи ташхиси сатҳи олудагии ҳавои Душанбе, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон вазъи воқеии масъаларо ошкор намуд. Санҷишҳои ин ниҳод нишон додааст, ки бояд корхонаи семент аз марзи пойтахт кӯчонда шавад.
Бар асари боронгарӣ ва омадани сел дар деҳаи Дашти Қозӣ ва чарогоҳи тобистонаи Киштудаки Панҷакент 12 нафар, аз ҷумла кӯдакон, ҷон бохтаанд.
Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон гуфт, талабот ба иҷозатномаи сохтмонро шадидтар кардааст.
Ёфтҳои бештар