Аз моҳи декабри соли 2018 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори нашрияи "ИмрӯзNews" ва Оҷонси иттилоотии "Озодагон" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch (HRW), ки вазъи ҳуқуқи башар дар кишварҳои ҷаҳонро дар гузориши солонааш хулоса кардааст, мегӯяд, бо сабаби идомаи саркӯбҳои озодии баён ва мухолифони сиёсӣ вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон соли 2021 бадтар шудааст.
Тоҷикистон аз оғози имсол боҷи гумрукиро барои овардани қисмҳои эҳтиётии мошинҳо аз хориҷа то 90 дарсад боло бурдааст. Тоҷирон сабаби якбора зиёд шудани боҷи гумрукиро намедонанд ва хоҳони шарҳи Хадамоти гумрук ҳастанд.
Нархи билети ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия дигарбора боло рафта, боиси ташвиши сокинон шудааст. Муштариён мегӯянд, агар ҳафтае пеш билети парвоз аз Душанбе ба Маскав 3-3,5 ҳазор сомонӣ буд, ҳоло то 5-6 ҳазор сомонӣ расидааст.
Маҳмадалӣ Муҳаммадиев, ҳунарпешаи маъруфи театру синаморо, ки дар 76-солагӣ даргузашт, рӯзи 7-уми январ дар шаҳри Душанбе дафн карданд. Сабаби марги ӯ расман эълон нашудааст, вале пайвандонаш гуфтанд, рӯзҳои охир аз нафастангӣ азият мекашид.
Нигоҳҳо аз Тоҷикистон ба ҳодисаҳои Қазоқистон, кишвари саршор аз нафту гази Осиёи Марказӣ, яксон нест. Дар ҳоле ки таҳлилгарони мустақил эътирозу ноамниҳоро дар Қазоқистон “дарсе” барои ҳукуматҳои минтақа медонанд, коршиносони наздик ба ҳукумат “амали барномарезишуда” мепиндоранд.
Бар асоси қонуни афв аз ҷавобгарӣ озод шудани як афсари милиса хешовандони Меҳроҷиддин Гадозодаи 31-сола, сокини шаҳри Ваҳдатро озурдаву нигарон кардааст. Ин ҷавон ва падари се фарзанд ҳашт моҳ пеш, баъди боздошт шудан аз сӯи маъмурони милиса, дар ҳолати ғайриоддӣ ҳалок шуд.
Гурӯҳе аз муштариёни ширкати хусусии "Муҳаммад-2009"-ро шеваи кори ин ширкат нигарон намудааст.
Савдогарон мегӯянд, баръакси солҳои гузашта, дар остонаи ин ҷашн харидорони маҳсулоташон зиёд нест. Соҳибони бозорҳо ҳузури камранги мардумро ба ташкили ярмарка ва фаровонии маҳсулот рабт медиҳанд, аммо иқтисоддонҳо ба кам шудани даромад ва тавони харидории мардум.
Вакилони Маҷлиси Намояндагон ба "Зарафшон", корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин, имтиёз доданд. Мақомот гуфтанд, ширкат дар Панҷакент коргоҳи нав месозад ва барои ҳамин аз пардохти молиёт (андоз) ва боҷи гумрукӣ озод аст.
Ҳуринисо Ализода барои як соли оянда раиси Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон интихоб шуд.
Ҳуринисо Ализода раиси Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон интихоб шуд. Интихоби ӯ ба ин мақом дар ҷаласаи солонаи ин Шӯро, ки рузи 24-уми декабр баргузор шуд, сурат гирифт. Ӯ дар ин мақом ҷойгузини Бахтиёр Ҳамдам шуд, ки тайи ду соли ахир раҳбарии ин созмони журналистиро ба ӯҳда дошт.
Хабари афзоиши ҳаққи хизматрасониҳои ширкати IRS мутассаддии нигаҳдории роҳи Душанбе-Чаноқ, ронандаҳои мошинҳои мусофирбарро нигарон кардааст.
Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон шикоятҳо аз идомаи "облава" ё ҷалби иҷбории ҷавонон ба артишро рад кард.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонаи худ ба порлумон дар бораи фаъолиятҳои гузашта ва ояндаи ҳукумат суҳбат кард.
Бо наздикшавии Соли нави мелодӣ хиёбонҳои Душанбе бо рамзҳои идона ороста гардида, гаштугузори сокинон бештар ба назар мерасад.
Мадина Мамадҷонова, як ҷавонзани тоҷик, ки ҳудуди 4 моҳ қабл мавриди латукуби бераҳмона қарор гирифта буд ва шоми дирӯз дар беморхона фавтид, дар оромгоҳи Сариосиёи Душанбе ба хок супурда шуд.
Парлумони Тоҷикистон созишномаи истирдоди ҷинояткорон миёни Тоҷикистон ва Маҷористонро ба тасвиб расонд.
Амволи пойгоҳи низомии 201-и Русия дар шаҳри Кулоб расман ба истифодаи ҳукумати Тоҷикистон дода мешавад.
Расонаҳои маҳаллӣ хабар доданд, ки додгоҳ Парвиз Давлатов, як раҳбари собиқи ширкати “Мегафон”-и Тоҷикистонро бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноятӣ ба 8 соли зиндон маҳкум кардааст, вале бар асоси қонуни афв муҳлати ҳукми ӯ ба 5,5 соли зиндон баробар шудааст.
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 21-уми декабр ба мардум ва порлумони кишвар паём хоҳад дод. Мақомот нагуфтаанд, ки мавзӯи суҳбати имсолаи Эмомалӣ Раҳмон чӣ хоҳад буд, вале аз ҳоло сокинон мехоҳанд, ӯ ба масъалаи камбуди барқ ва ташкили ҷойҳои корӣ диққат кунад.
Ёфтҳои бештар