Созмони имдодрасони "Islamic Relief" мегӯяд, ки зилзилаи маргбор дар вилояти Кунари Афғонистон ҳудуди 97 дарсади биноҳоро комилан вайрон ё тахриб кардааст.
Ин созмон дар гузорише, ки рӯзи 4 сентябр нашр кард, гуфтааст, 65 дарсади биноҳо ба таври комил вайрон шуда, 33 дарсад осеб дидаанд ва танҳо 2 дарсад солим боқӣ мондааст.
Дар гузориш ҳамчунин омадааст, ки бар асоси арзёбиҳои анҷомшуда, дар ҳар хонавода ба таври миёна ду нафар ҷон бохта, се тани дигар захмӣ шудаанд.
Зилзилаи шашдараҷаии рӯзи 31 август дар вилоятҳои шарқии Афғонистон, аз ҷумла, Кунар, Нангарҳор ва Лағмон талафоти вазнини ҷонӣ ва молӣ ба бор овард.
Ин ҳодиса яке аз маргбортарин зилзилаҳои солҳои ахир дар Афғонистон гуфта мешавад.
Мақомоти ҳукумати Толибон рӯзи 4 сентябр шумори қурбониёни ин ҳодисаро беш аз 2200 нафар эълон карданд.