Заминларзаи вайронгар 600 нафарро дар Афғонистон куштааст

Маҷруҳони заминларзаи рӯзи 1-уми сентябр дар Афғонистон

Мақомоти Толибон дар Афғонистон мегӯянд, ки дар натиҷаи заминларзаи вайронгар дар рӯзи душанбе бештар аз 600 нафар кушта ва 1500 каси дигар захмӣ шудаанд.

Айни замон чархболҳо бо маъмурони наҷот ба деҳоти дурдаст дар шарқи Афғонистон мераванд, то бозмондагонро аз зери вайронаҳои хонаҳои гилин берун кунанд. Ин фалокат аҳволи Толибони ҳоким бар Афғонистон ва мардуми онро бадтар мекунад, ки бо бӯҳрони башарӣ даст ба гиребон ҳастанд, кӯмакҳои байналмилалӣ ҳам камтар мегиранд ва паноҳҷӯёни зиёдашро ҳам аз ҳамсоякишварҳо хориҷ мекунанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Зилзилаи шадид ҳаёти беш аз 600 сокини шарқи Афғонистонро аз байн бурд

Вазорати умури дохилии Толибон дар як баёнияи расмӣ гуфтааст, дар ин зилзилаи 6 дараҷаӣ 1500 нафар маҷруҳ шудаанд ва талафот аз он ба 622 нафар расидааст. Радиои давлатии Афғонистон гуфт, ки теъдоди қурбониён 500 нафар аст. Мақомот дар Кобул гуфтаанд, ки маъмурони имдодӣ ба деҳоти дурдасти осебдида мешитобанд, ки дар гузашта ҳам шоҳиди заминларза ва обхезиҳои вайронгар шудаанд.

Шарофат Замон, сухангӯи вазорати умури дохилии Толибон гуфтааст, ки “Омори чанде аз шифохонаҳои нишон медиҳад, ки бештар аз 400 нафар захмӣ ва даҳҳо каси дигар ҳалок шудаанд.”

Хабаргузории “Бохтар”-и таҳти назорати Толибон ба нақл аз мақомот навиштааст, ки се русто дар вилояти Кунар ба тамом аз байн рафтаанд. Наҷибулло Ҳаниф, раиси вилоят гуфтааст, 250 кас куштаву 500 нафар захмӣ шудаанд, вале мумкин аст, шумораи осебдидагон ва ҷонбохтагон афзоиш ёбад. Дар гузоришҳои аввалия гуфта мешуд, фақат дар як деҳа 30 нафар ҳалок шудаанд ва садҳо тани дигарро аз онҷо барои муолиҷа ба шифохона бурдаанд. Заминларза бо нерӯи 6 балл ба вуқӯъ пайвастааст ва дар қаламрави Покистон ҳам эҳсос шудааст. Бар асоси иттилои идораи зилзиласанҷии Амрико заминларза дар умқи 10 километрии замин ва дар наздикии шаҳри Ҷалолобод наздик ба марзи Покистон ба амал омадааст.

Афғонистон як кишвари осебпазир дар баробари заминларза ва воқеъ дар қаторкӯҳҳои Ҳиндукуш аст, ки тахтаҳои тектоникии Ҳинду Авруосиё зери он ба ҳам мехӯранд.

Соли гузашта дар пайи силсилаи заминларзаҳо бештар аз 1000 нафар кушта шудаанд, ки нишондиҳандаи осебпазирии яке аз қашшоқтарин кишварҳои ҷаҳон дар баробари фалокатҳои табииро нишон медиҳад.