Заминларза дигарбора шарқи Афғонистонро такон дод

Оқибатҳои заминларза дар Кунар

Рӯзи 5-уми сентябр дар фосилаи 12 соат заминларза манотиқи шарқии Афғонистонро такон дода, заминларзаҳои маргбори ҳафтаи пешро ба ёд оварданд. Идораи зилзиласанҷии Олмон гуфт, таконҳо дар ҳамон манотиқе ба вуқӯъ пайвастаанд, ки заминларза дар чанд рӯзи пеш камаш 2200 нафарро кушт.

Созмони Милали Муттаҳид талош дорад, барои кӯмак ба мардуми манотиқи офатзада ҳадди ақалл 4 миллион доллар пайдо кунад. Хабаргузории Рейтерс имкон ёфтааст бо сокинони деҳоти вилояти Кунари Афғонистон ҳамсуҳбат шавад. Содиқи 12-сола ҳангоми заминларза дар хона зери хок мондааст. Ӯ мегӯяд, соатҳои дароз фарёд кашид, ки касе ӯро аз зери овор берун кашад. Содиқ: "Фикр кардам, ки касе зинда намондааст ва ин рӯзи қиёмат аст. Беист дод задам, ки касе маро наҷот диҳад. Вагарна мемурдам."

Зилзилаи 31-уми август яке аз маргбортарин заминларзаҳои Афғонистон шуд. Маркази он дар умқи даҳ километр дар марзи вилоятҳои Кунар ва Нангарҳори Афғонистон будааст. Такони дуюми замин 2 -уми сентябр ба вуқӯъ пайвста, боиси воҳимаи зиёд ва таваққуфи амалиёти наҷот гардида буд. Хавф зиёд буд, ки дар деҳоти дурдаст мардуми бештаре талаф хоҳад ёфт. Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз марги садҳо нафар дар ин фоҷиа изҳори ҳамдардӣ кард. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ гуфт бо мардуми осебдида ғамшарик аст.