Сардори Раёсати оҷонсии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Ваҳдат ба дуздии қариб 200 ҳазор сомонӣ гумонбар дониста мешавад.
Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон нисбати Идиев А, сардори ин раёсат ва роҳбари як ҷамъияти хусусӣ барои дуздии қариб 200 ҳазор сомонӣ пули буҷа, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Ба иттилои манбаъ, Идиев, ки аз июни соли 2023 дар ин вазифа кор мекард, дар ду соли гузашта бо Гадоев, И.Н, раҳбари "Ясир Инкишоф" барои ҷалби шаҳрвандони бекор ба корҳои ҷамъиятӣ дар ҳудуди ин шаҳр, дар чанд ҳолат ба суратҳисоби ин ҷамъият қариб 200 ҳазор сомонӣ гузаронида, ба воситаи Гадоева И.Н ин пулро аз худ кардааст.
Оҷонсӣ алайҳи Идиев ва Гадоева бо иттиҳоми "азонихудкунӣ ё исрофкорӣ ба миқдори махсусан калон" ва "сохтакории хизматӣ", парвандаи ҷиноӣ боз карда, барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол карданд.
Ба гуфтаи манбаъ, зарар пурра ба буҷаи давлат баргардонида шудааст.
Дар ҳамин ҳол маълум нест, ки гумонбарон боздошт шудаанд ё не. Ҳамчунин, назари худи онҳо дар робита ба ин қазия дастрас нест. Маълум нест, ки онҳо чӣ ҷазо гирифтанд.
Фасод аз мушкилиҳои асосии Тоҷикистон гуфта мешавад ва солона даҳҳо корманди давлатӣ, аз ҷумла кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мизи ҳарбӣ ва заминсозӣ бо ҷурми гирифтани пора дастгир ва ҳабс мешаванд.