Трамп овозаҳо дар бораи бемориашро рад кард

Доналд Трамп дар Кохи Сафед. 2 сентябр, 2025.

Доналд Трамп, раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико овозаҳо дар бораи бад будани вазъи саломатиашро рад кард.

Вай рӯзи 2 сентябр дар Кохи Сафед ба суоли рӯзноманигор дар бораи хабарҳои бад шудани вазъи саломатиаш, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла X, чарх мезанад, гуфт, "ман ин хабарро надидам".

Дар рӯзҳои истироҳат баъд аз он, ки Трамп миёни мардум дида нашуд, бархе аз корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз эҳтимоли фавти Доналд Трамп хабар доданд.

"Ин хабар дурӯғ аст. Ман давоми ду рӯз коре анҷом надодам ва онҳо аллакай шурӯъ карданд, ки гӯё ба ман чизе шуда бошад. Байден, раисиҷумҳури пешини Амрико моҳҳо коре намекард ва касе чизе намегуфт, ҳарчанд мо ҳама медонистем, ки вазъи саломатиаш на он қадар хуб буд",- илова карда Доналд Трамп.

Президенти Амрико Доналд Трамп моҳи июни имсол 79-сола шуд.