Тими олимпии Тоҷикистон аз Сурия шикаст хӯрд ва ба Ҷоми Осиё роҳ наёфт

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23) дар севумин бозиаш дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 миёни футболбозони то 23-сола аз тими Сурия бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуда, аз ҳаққи иштирок дар қисми ниҳоии мусобиқот маҳрум гардид.

Ин бозии даври сеюми мусобиқот дар гурӯҳи “К” шаби сешанбеи 9-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе доир гардид. Голи ягонаро ба дарвозаи мизбонон бозигари суриягиҳо Муҳаммад Ал-Саракбӣ дар охири дидор, дар дақиқаи 90+8, ба самар расонд.

Дар бозии дигари даври дуюм дар гурӯҳи “К” дастаи мунтахаби ҷавонони Филиппин (U-23) бар тими олимпии Непал бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуд.

Ёдовар мешавем, дар даври аввали мусобиқот дар гурӯҳи “К” Сурия бар Филиппин бо ҳисоби 2:1 ва Тоҷикистон бар Непал бо ҳисоби 4:0, дар даври дуюм Сурия бар Непал бо ҳисоби 4:2 ва Филиппин бар Тоҷикистон бо ҳисоби 1:0 ғолиб омада буданд.

Ба ин тартиб, пас аз аз натиҷагирии бозиҳои даври сеюми мусобиқот дар ҷадвали гурӯҳи “К” тими мунтахаби ҷавонони Сурия (U-23) бо 9 имтиёз мақоми аввалро соҳиб шуд. Филиппин бо 6 имтиёз дуюм, Тоҷикистон бо 3 имтиёз сеюм ва Непал бидуни имтиёз чаҳорум шуданд.

Бозиҳои гурӯҳи “К” бо иштироки тимҳои олимпии Тоҷикистон, Непал, Филиппин ва Сурия аз 3-юм то 9-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе доир гардиданд.

Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 миёни футболбозони то 23-сола 34 даста ширкат карда, дар 11 гурӯҳ (ҳар гурӯҳ иборат аз 4-дастаӣ) мубориза бурданд.

Ғолибони 11 гурӯҳи интихобӣ - Урдун (“А”), Ҷопон (“В”), Ветнам (“С”), Австралия (“D”), Қирғизистон (“Е”), Тайланд (“F”), Ироқ (“G”), Қатар (“Н”), Эрон (“I”), Кореяи Ҷанубӣ (“J”) ва Сурия (“К”), инчунин чаҳор тими натиҷаҳояшон беҳтари ҷойҳои дуюм – Чин (“D”), Узбекистон (“Е”), Лубнон (“F”) ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ (“I”) - ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё (U-23), ки аз 7-ум то 25-уми январи соли 2026 дар Арабистони Саудӣ доир мешавад, роҳ ёфтанд.

Нокомии тими олимпии Тоҷикистон зери раҳбарии сармураббӣ Леван Хомерики, мутахассиси 51-солаи гурҷӣ, дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё (U-23) боиси нигаронии коршиносону мутахассисон ва ҳаводорони футболи тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ гардидааст.

Анвар Мирзоев, коршиноси соҳа, дар саҳифаи фейсбукии худ навиштааст, “айб шуд! Ду бозиро ба тимҳои миёнаҳол бохтем. Механданд моро. Қирғизҳову узбекҳо ба финали Ҷоми Осиё роҳхат гирифтанд. Мумкин боз ягон сол вақту соате фаро мерасад ва мо дар бозиҳои интихобӣ дар майдони худ роҳхати Ҷоми Осиёро сазовор мешавем. Чи гуфта метавонам, як насли хуби бозигарони мо боз тамошобини финали Ҷоми Осиё. Ёдовар мешавам, ду насли тими олимпии мо дар бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё солҳои 2022 ва 2024 бо мураббиёни тоҷик бозӣ кардаанд.”

Мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2026 (U-23)

Гурӯҳи «К»

Даври 1-ум

Сурия – Филиппин – 2:1

3-юми сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

Тоҷикистон – Непал – 4:0

Голҳо: Муҳаммадалӣ Азизбоев, 39 (1:0). Муҳаммадалӣ Азизбоев, 58 (2:0). Раҳматшо Раҳматзода, 90 (3:0). Далер Шарипов, 90+2 (4:0).

3-юми сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 4822 тамошогар.

Даври 2-юм

Непал – Сурия – 2:4

6-уми сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

Филиппин – Тоҷикистон – 1:0

Гол: Ноаҳ Леддел, 71 (1:0)

6-уми сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 5340 тамошогар.

Даври 3-юм

Филиппин – Непал – 4:0

9-уми сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

Тоҷикистон – Сурия – 0:1

Гол: Муҳаммад Ал-Саракбӣ, 90+8 (0:1).

6-уми сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 6750 тамошогар.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи "К"

ҶДАСТАҲОБҒМБТӯбҳоИ
1.Сурия33007-39
2.Филиппин32016-26
3.Тоҷикистон31024-23
4.Непал30032-120