Теъдоди қурбониёни заминларзаи Афғонистон аз 1000 нафар гузашт

Заминларза деҳоти кӯҳистонии дурдастро вайрону валангор кард ва садҳо нафарро кушт.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба пайвандону наздикони осебдидагони заминларзаи Афғонистон изҳори ҳамдардӣ кард. Вазорат рӯзи 1-уми сентябр дар як паёме гуфтааст, ки кушта ва захмӣ шудани ҳазорон нафар “боиси андӯҳи амиқи мардуми Тоҷикистон шудааст”.

Шаби 31-уми август дар заминларзаи харобиовар даҳҳо деҳа дар шарқи Афғонистон валангор шуд. Бештари минтақаҳои зарадида кӯҳистоннӣ ва дурдаст ҳастанд ва захмиёне, ки аҳволашон бад аст, бо чархбол ба беморхонаҳо интиқол меёбанд. Ҳукумати Толибон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ кумак хостааст. Се кишвари ҳамсояи Афғонистон, мисли Покистон, Ҳиндустон ва Эрон эълони омодагӣ барои кӯмак кардаанд.

Қурбониёни заминларза беш аз ҳазор нафар шумориш шуда ва теъдоди захмиён аз се ҳазор бештар. Ҳисобе, ки ниҳоӣ нест ва ҳанӯз ҷустуҷӯи зери харобаҳо идома дорад. Садҳо манзили зист дар вилоятҳои Кунар, Нангарҳор, Лағмон ва Нуристон хароб шуданд ва ҳазорон нафар шаби гузаштаро дар берун рӯз карданд.

Зардон, сокини вилояти Кунар: “Нисфишабии якшанбе заминларзаи сахт деҳаи моро хароб кард. Мо 200 захмиро аз харобаҳо берун кардем ва онҳоро бо чархбол ба Ҷалолобод бурданд. Шояд 300-350 нафари дигар зери харобаҳо бошанд. Ҳама хонаҳо ба хок яксон шуданд."

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Шумораи қурбониҳои зилзилаи ахири Афғонистон аз ҳазор нафар бештар будааст

Нерӯи заминларза дар марз бо Покистон 6 дараҷаи ҷадвали Рихтер ҳисоб шудааст. Ҳукумати Толибон садҳо низомӣ ва сокинони мулкиро ба кумак ҷалб кардааст. Заминларза бештар минтақаҳоеро хароб кардааст, ки дар дурдаст қарор доранд. Мақомоти Толибон мегӯянд, барои расидан ба баъзе минтақаҳо лозим шуд, ки тими наҷотдиҳандагон шаш соат пиёда роҳ раванд. Аз ин рӯ, захмиёниро бо чархболҳо ба беморхонаҳо мебаранд.

Яке аз сокинони деҳаи Дерхон мегӯяд: “Вазъият хеле баду хатарнок аст. Ҳанӯз ҳам замин кам-кам меларзад. Худо нигаҳ дорад, вале мардум дар тарсу ҳарос ҳастанд. Ҳама шаби худро дар берун рӯз карданд. Одамоне ҳам ки хонаҳояшон нимвайроан аст, метарсанд, ки баргарданд.”

Намояндагони Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон гуфтаанд, ки бо сабаби боронҳои сахт эҳтимоли лағзиши замин ва сангрез вуҷуд дорад. Ҳазорон ҷасади ҳайвоноти ҳалокшуда низ хатари олудшавии сарчашмаҳои обро низ зиёд кардааст. Аз соли 2021, пас аз ба қудрат расидани Толибон ин сеюмин заминларзаи харобиовар дар Афғонистон аст.