Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи панҷшанбеи 20 июн дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд бо фаъолони ин вилоят дидору мулоқот анҷом дод ва вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар дар даврони истиқлол, ба хусус дар чанд соли ахирро ба баррасӣ гирифт.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Суханронии ниҳоии Э.Раҳмон дар Суғд
Баъди суханронии раисиҷумҳур, Баҳриддин Аҳмадов, собиқалдор, шаҳрванди фахрии Хуҷанд ва фарде, ки соли 1992 раиси дастгоҳи вилояти Суғдро бар душ дошт, изҳор кард, ки "мо дар арафаи интихоботи президентӣ қарор дорем ва мо шуморо ҳатман дастгирӣ мекунем".
Аммо Эмомалӣ Раҳмон дар посух гуфтааст, "сафари ман ба вилояти Суғд боздиди корӣ аст ва ба интихобот бастагӣ надорад."
Як хонуми собиқадори дигар аз ноҳияи Мастчоҳ, бо номи Ёқубова, ки ҳоло раёсати Шурои ветаранҳои ин ноҳияро бар душ доштааст, аз корномаҳои президенти Тоҷикистон тамҷид карда ва умедворӣ намудааст, ки "доимо раҳбари мо бошед!"
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ҳоло тарҳи бозсозии роҳи мошингарди Хуҷанд – Исфара рӯи дасти ҳукумат қарор дорад ва бо дарёфти сармоя соли оянда бунёди он оғоз хоҳад ёфт. Ба гуфтаи раисҷумҳур, дар ҳоли ҳозир 226 ҳазор сокини Суғд дар муҳоҷирати корӣ дар хориҷи кишвар қарор доранд ва фароҳам намудани ҷойҳои корӣ барои онҳо аз вазифаҳои аслии ҳукумат аст.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар суханронии худ дар канори вазъи иқтисодӣ ва иҷтимомии кишвар аз равандҳои номатлуб дар ҷомеа, ба хусус ҷинояткорӣ ва гароиши сокинон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва террористӣ изҳори нигаронӣ кард. Эмомалӣ Раҳмон афзуд, давоми беш аз 10 сол дар вилояти Суғд 130 раҳбар ва узви фаъоли ҳаракати пинҳонкори Ҳизб- ут – таҳрир боздошт шудаанд. Ҳамчунин дар 4 соли охир дар минтақа 8 ҷинояти махсусан вазнин аз ҷониби гурӯҳҳои террористӣ содир шудааст.