Владимир Путин, раисҷумҳури Русия рӯзи 3 сентябр гуфт, омода аст бо раисҷумҳури Украина мулоқот ва гуфтугӯ кунад, дар сурате, ки ба Маскав биояд, аммо гуфт, ҳанӯз маълум нест, ки оё чунин дидоре арзиш дорад ё не.
Владимир Зеленский барои баҳсу баррасии як созиши эҳтимолӣ фишор овардааст ва Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ҳам талош дорад ин ду раҳбар бо ҳам дидор кунанд.
Путин дар поёни сафари худ ба Чин гуфт, ки ҳамеша барои мулоқот бо Зеленский омода будааст. Аммо Кремл ҳамеша такрор мекунад, ки чунин дидоре бояд аз қабл ба хубӣ омода шавад ва натичаҳои чашмрас дошта бошад.
Ӯ гуфт, "дар мавриди мулоқот бо Зеленкский, ман ҳаргиз эҳтимоли чунин дидореро рад накардаам. Аммо оё фоидае дорад? Бояд бубинем".
Раисҷумҳури Русия афзуд, ки аз назари ӯ, агар қарор аст пешрафте ҳосил шавад, Украина бояд ҳукумати низомиро бекор кунад, интихобот баргузор намояд ва дар бораи масъалаҳои қаламрав, ҳамапурсӣ баргузор кунад.
Русия ки аз моҳи феврали соли 2022 бо ҳамла ба Украина даргири ҷанги сесола бо ин кишвар аст, аз панҷ як ҳиссаи қаламрави Украинаро ишғол кардааст.
Маскав хоҳони пайвастани чаҳор минтақаи Украина ба хоки Русия аст. Киев ва аксар кишварҳои ғарбӣ ин амали Маскаваро тасарруфи ғайриқонинии заминҳо бо пуштибонии ҷанги истеъморӣ дониста, онро рад кардаанд.
Раисҷумҳури Амрико рӯзи сешанбе гуфт, ки аз Путин "бисёр ноумед" шудааст, вале маълумоти бештар надод.
Доналд Трамп рӯзи 2 сентяр дар як мусоҳибаи радиоӣ гуфт, "ман аз президент Путин бисёр ноумед шудам, мо робитаҳои олӣ доштем, ва коре барои кӯмак ба зиндагии мардум анҷом хоҳем дод".
Раисҷумҳури Амрико ҳамчунин иттиҳоди Русия, Чин ва Кореяи шимолӣ дар нишасти Чинро "тавтеа алайҳи Амрико", хонд.
Раисҷумҳури Русия рӯзи 3 сентябр дар вокуниш ба ин изҳорот гуфт, ки Трамп "ҳисси шӯхтабъӣ" дорад.