Волидони ду маҳбус бо шарти фош нашудани номашон рӯзи 12-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфтанд, баъди ҳодиса дар зиндони Ваҳдат бо фарзандонашон вохӯрда наметавонанд.
Яке аз ин ҳамсуҳбатҳои мо гуфт, фарзандаш дар як занги кӯтоҳи телефонӣ хабар додааст, ки назорат пурзӯр шудааст ва беҳтар аст феълан ба мулоқот наоянд.
Падари як маҳбуси дигар гуфт, умедвор аст, ҳарчӣ зудтар вазъ дар зиндонҳо ба ҳолати муқаррарӣ бармегардад ва боз фарзандонашро мебинад.
Рӯзи 3-юми феврал дар зиндони шаҳри Ваҳдат нооромӣ сар зад. Ба гуфтаи мақомот, чанде аз зиндониён бо мақсади “қатл ва фирор” ба нигаҳбонони зиндон ҳамла кардаанд.
Дар натиҷа ба маълумоти расмӣ 3 ва ғайрирасмӣ то 7 маҳбус кушта, чанд корманди зиндон захмӣ гаштаанд.
Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, муфаттишони Додситонии кул ҳодисаро таҳқиқ доранд.