Давоми як ҳафтаи ахир нархи гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории пойтахт ба андозаи 4 дарсад поин рафтааст.
Агар ҳафтаи гузашта 1 литр гази моеъ 4 сомониву 90 дирам арзиш дошт, рӯзи 2-юми сентябр арзиши он то ба 4 сомониву 60 дирам поин рафт.
Арзиши сӯзишворӣ маъмулан ба макони ҷойгиршавии нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ вобаста аст. Фарқияти нарх дар шаҳри Душанбе ба ҳисоби миёна ҳудуди 10 дирамро ташкил медиҳад.
Аз оғози сол нархи 1 литр гази моеъ дар Душанбе қариб 40 дарсад, яъне аз 7 сомониву 50 дирам дар моҳи январ то 4 сомониву 60 дирам дар моҳи сентябр, поин рафтааст.
Тоҷикистон гази моеъро умдатан аз Қазоқистон ва миқдори ками онро аз Русияву Узбекистон ворид мекунад.
Дар Тоҷикистон 14 ширкати воридкунандаи гази моеъ аст, вале намояндагони чунин ширкатҳо намехоҳанд ошкоро дар бораи сабабу омилҳои афзоиш ва ё поин рафтани арзиши нарх сӯҳбат кунанд.