Нахустин бозии "Истиқлол" дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё бо "Ал-Наср" доир мешавад

Бозигарони тими "Истиқлол" бо "Ал-Наср" дар Саудӣ бозӣ карда буданд.

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе нахустин бозиашро дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои 2-и Осиё-2025/26 муқобили бошгоҳи футболи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ, ки дар ҳайати он капитан ё сарвони тими миллии Португалия Криштиану Роналду бозӣ мекунад, анҷом медиҳад.

Ин бозии даври аввал дар гурӯҳи «D» 17-уми сентябр дар варзишгоҳи «Ал-Аввал Парк»-и шаҳри Риёз баргузор мегардад. Бозӣ соати 21:15 бо вақти маҳаллӣ (соати 23:15 бо вақти Душанбе) оғоз меёбад.

Бар асоси қуръакашӣ рақибони «Истиқлол» дар гурӯҳи «D» ба ҷуз аз «Ал-Наср»-и Риёз, ки дар Про-лигаи Арабистони Саудӣ бозӣ мекунад, бошгоҳҳои «Ал-Завра»-и Бағдод аз Премйер-лигаи Ироқ ва «Гоа»-и иёлати Гоа аз Супер-лигаи Ҳиндустон мебошанд.

Мусобиқот дар Лигаи қаҳрамонҳои 2-и Осиё бо ширкати 32 даста доир мегардад. Дастаҳо ба ду минтақа – Шарқ ва Ғарб тақсим шудаанд. Ҳар як минтақа аз 16 даста иборат мебошад.

“Истиқлол” ба минтақаи Ғарб дохил аст. Дастаи ғолиби минтақаҳо ҳуқуқ пайдо мекунад, ки соли оянда дар Лигаи элита ё бартари бошгоҳҳои футболи Осиё иштирок намояд.

Ёдовар мешавем, ду сол пеш "Истиқлол" дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2023/24 дар гурӯҳи “Е” бо тими "Ал-Наср" ду бозӣ анҷом дода буд. Душанбегиҳо дар меҳмонӣ бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрда, бозиро дар майдони худ мусовӣ (1:1) карда буданд.

Дар ҷадвали гурӯҳи “Е” дастаи “Ал-Наср” бо касби 14 имтиёз мақоми аввалро азони худ кард ва ҳамчун ғолиби гурӯҳ ба плей-офф роҳ ёфт.

“Персеполис”-и Эрон бо касби 8 имтиёз дар зинаи дуюм қарор гирифт. Ин даста барои ба даври баъдӣ роҳ пайдо кардан талош кард, вале ба орзуяш нарасид.

“Ал-Дуҳайл”-и Қатар бо касби 7 имтиёз зинаи сеюм ва “Истиқлол”-и Тоҷикистон бо касби 3 имтиёз ҷойгоҳи охиринро ишғол карданд. Ин ду даста низ аз ҳаққи идомаи мубориза дар даври баъдии мусобиқот маҳрум гаштанд.

Тақвими бозиҳои «Истиқлол» дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои 2-и Осиё-2025/26

Минтақаи Ғарб

Гурӯҳи «D»

«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ)

«Ал-Завра» (Ироқ)

«Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Гоа» (Ҳиндустон)

Даври 1-ум

17-уми сентябр (чоршанбе)

«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) - «Истиқлол» (Тоҷикистон)

Даври 2-юм

1-уми октябр (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) - «Гоа» (Ҳиндустон)

Даври 3-юм

22-юми октябр (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) - «Ал-Завра» (Ироқ)

Даври 4-ум

5-уми ноябр (чоршанбе)

«Ал-Завра» (Ироқ) - «Истиқлол» (Тоҷикистон)

Даври 5-ум

26-уми ноябр (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) - «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ)

Даври 6-ум

24-уми декабр (чоршанбе)

«Гоа» (Ҳиндустон) - «Истиқлол» (Тоҷикистон)