Муфтиёт ё Идораи мусулмонон дар Қирғизистон эълон кард, ки "ниқобу фаранҷӣ дар дин воҷиб нест" ва "занон барои напӯшидани он гунаҳкор дониста намешаванд".
Ин ниҳод рӯзи ҳаштуми апрел дар баёнияе ниқобро барои ҷомеаи Қирғизистон "падидаи бегона" хонд.
"Ин имкон вуҷуд дорад, ки баъзе аз бадкирдорон зери ниқоб худро хоҳар ва ё бародари мо нишон дода, мумкин аст, ба амнияти мардум таҳдид кунанд. Аз ин рӯ, муҳим аст, ки чеҳра боз бошад, то онҳоро шинохта тавонанд," – гуфта шудааст дар баёния.
Аз моҳи феврали имсол агар касе дар Қирғизистон бо ниқоб гардад ва ба дасти маъмурони милиса афтад, то 20 ҳазор сом ё 230 доллар ҷарима мешавад.
Дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, ба мисли Қазоқистону Тоҷикистон ва Узбекистон пӯшидани ҳиҷоб дар мактабу идораҳои давлатӣ манъ аст.
Мақомоти Осиёи Марказӣ таъкид мекунанд, ки либосҳои миллии онҳо ҳеч камие аз ҳиҷобу либосҳои дигари исломӣ надорад ва бар фармудаҳои шариат дар бораи либоси занон мувофиқ аст.
Мухолифон мегӯянд, манъи пӯшидани ниқоб занонро аз ҳаққи интихоби либос маҳрум мекунад. Ниқоб як навъ либосест, ки сару гардан ва дарозии қади занҳоро пинҳон медорад.