Ношири ин хабар – хабаргузории русии ИTАР-ТАСС менависад, ки алайҳи Александр Соколов, сокини 23-солаи вилояти Твер бар асоси қисми дувуми моддаи 213-уми Кодекси ҷиноии Русия (авбошие, ки аз тарафи як гурӯҳ содир шудааст) парванда боз кардаанд ва ба ӯ дар сурати дар додгоҳ дайн шудани иттиҳоми эълоншуда то 7 соли зиндон таҳдид мекунад. Ӯ қаблан бо ҷурми дуздиву ғоратгарӣ 2 солро дар маҳбас сипарӣ карда буд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҳукми ҳабси марде, ки "Қуръон"-ро оташ зад
Александр Соколов, ки рӯзи 14 январ дастгир шуд, иттиҳоми даст доштанаш дар сӯзондани китоби «Қуръон»-ро эътироф кардааст ва ба ҳукми ҳабсаш дар додгоҳ низ мухолифат накард.
Дар навори видеоие, ки дар рӯзи аввали соли нав дар Интернет пайдо шуд, як гурӯҳи ҷавонон китоби «Қуръон»-ро дар мазҳари ом сӯзонда, ҳамзамон дар бораи ин китобу дини Ислом ва мусалмонон ҳарфҳои таҳқиромез мегӯянд ва дар ниҳоят як мусофири зоҳиран ғайрирусро дар метрои Маскав зери зарбу лат гирифта, талаб мекунанд, ки аз Оллоҳ ва аз дини Ислом даст бикашад ва дар ҳаққи ин дин мисли онҳо носазо бигӯяд. Дар ин навори нашршуда аъзои ин гурӯҳ ҳамчун мухлисони тими футболи ССКА-и Маскав муаррифӣ мешаванд, вале ин иддаои онҳо ҳанӯз расман тасдиқ ё рад нашудааст.
Нашри ин навор мавҷи эътирозҳову маҳкумиятҳоро дар ҷомиа, бахусус аз сӯи ҳомиёин ҳуқуқи башар ва созмонҳои мусалмонии Русия ба дунбол дошт. Раҳбари пулиси Маскав Анатолий Якунин дар пай амр дод, ки барои маълум кардани омилони ин иқдоми, ба гуфтаи ӯ, иғвогарона гурӯҳи вижаи тафтишотӣ созмон бидиҳанд. Ба ин гурӯҳ муяссар шуд, ки ба зудӣ Александр Соколов – яке аз гумонбарон дар сӯзондани «Қуръон»-ро мушаххас ва рӯзи 14 январ ӯро боздошт кунанд.