Пас аз ба ҳуш омадан, ба ин зани ҷавон хабар доданд, ки ҳашт нафар аз аъзои хонаводааш дар зилзилаи нимашаби 31 август, ки ҷони беш аз 2200 нафарро гирифт, ба ҳалокат расиданд. Ин зилзила асосан вилоятҳои Кунар, Нангарҳор ва Лағмони Афғонистонро такон дод.
Сула аз бемористоне дар Асадобод, маркази вилояти Кунар, ба Радиои Озодӣ гуфт, "намедонам, кӣ маро инҷо овардааст. Ҳеч кас надорам".
Ин шомили наздикони марди ӯ мешавад, ки ҳамаи онҳо дар зилзилаи шашдараҷаӣ, ки хонаи онҳоро вайрон кард, ба ҳалокат расиданд. Шумори зиёде аз ҳамдеҳагонаш низ ҷон бохтанд.
Дар ҳукумати Толибон, занон наметавонанд бе сарпарасти мард аз хонаҳои худ берун шаванд ё аз васоили нақлиёти умумӣ истифода кунанд.
Ин гурӯҳи тундрав аз замони ба қудрат расидан дар моҳи августи соли 2021, рафтуомади занон ва духтарон, ҳузури онҳо дар маҳзари ом ва ҳаққи кору таҳсилро ба шиддат маҳдуд кардааст.
Занон ҳамчунин бо монеаҳои фарҳангӣ ва қонунии умдае барои дастрасӣ ба хадамоти тиббӣ, рӯбарӯ ҳастанд.
Сула гуфт, "инҷо ҳеч табиби зан вуҷуд надорад. Ман дар қисматҳое аз баданам ҷароҳатҳое дорам, ки наметавонам ба пизишкони мард нишон диҳам".
Афғонистон бо камбуди сахти табиб, дору ва таҷҳизот рӯбарӯ аст. Дар бархе минтақаҳои деҳот, ҳеч табиби зани мутахассис вуҷуд надорад.
Сула афзуд, "ман хонавода доштам, акнун намедонам куҷо хоҳам рафт ё чӣ кор хоҳам кард".
Коршиносон ҳушдор медиҳанд, ки занон ва духтарон аз ҷумлаи касоне хоҳанд буд, ки бештарин осебро аз ин фоҷеа ба дӯши онҳо хоҳад уфтод.
Сюзан Фергусон, намояндаи вижаи СММ барои занон дар Афғонистон рӯзи 2 сентябр гуфт, "занон ва духтарон бори дигар бори ин фоҷеаро ба дӯш хоҳанд кашид. Бинобар ин, бояд боварӣ ҳосил кунем, ки ниёзҳои онҳо бартараф хоҳад шуд".
Фавзия Насим, як пизишки зани афғон, ки барои табобати бозмондагони зилзила ба Кунар сафар карда буд, гуфт, ки вазъияти занон ва духтарон бисёр вазнин аст.
Ӯ гуфт, "занон ва кӯдакон дар ҳоли ҳозир бинобар фавти сарпарастони худ, ниёзи фаврӣ ба сарпаноҳ ва муҳофизати бештар дар баробари офатҳои табиӣ доранд".
Фавзия Насим афзуд, "ниёз ва эҳтиёҷоти онҳо бисёр зиёд аст, ғизо, оби ошомиданӣ ва сарпаноҳ. Асоситарин эҳтиёҷи онҳо хайма ва сарпаноҳ аст, зеро бисёре аз хонаҳо вайрон шудаанд ва хонаҳои боқимонда низ ғайри қобили зиндагӣ ҳастанд".