Киев: 23 кушта, даҳҳо захмӣ ва биноҳои нимавайрон

Инҳо аз ҳамлаи Русия ба Киев ҷон ба саломат бурдаанд. Нерӯҳои ҳавоии Украина гуфт, ки дар ҳамла аз тақрибан 600 ҳавопаймои бесарнишин ва 31 мушак истифода шуд

Даҳҳо нафар маҷбур шудаанд, ки хонаҳои нимвайронаи худро дар Киев тарк кунанд

Маъмурони наҷот вайронаҳоро мекобанд

Кормандони Вазорати ҳолатҳои фавқулода талош доранд, ки ба ошёнаҳои болоии як бинои нимвайрона дар ноҳияи Дарнитскии шаҳри Киев бароянд

Мақомоти Киев хабар доданд, ки рӯзи 29-уми август теъдоди қурбониён ба 23 кас расид. Чаҳор нафари онҳо кӯдак ҳастанд

Даҳҳо нафар маҷрӯҳ шуда, бархе дар ҳолати вазнин дар беморхона ҳастанд. Иддае ҷароҳатҳои сабук бардоштаанд

Бар асари ҳамла тирезаи чанд бино шикаста ва мошинҳо осеб дидаанд

Маъмурони наҷот талош доранд, ки ба маҷруҳон ёрӣ расонанд

Дар ноҳияи Дарнитскии Киев як бинои панҷошёна осеб дид