Ҷасадҳои ду сарбози тоҷикро ҳанӯз ҳам аз рӯдхонаи Вахш пайдо накардаанд

Акс аз бойгонӣ

Бо гузашти беш аз як моҳ ҷасади ду сарбози Вазорати дифои Тоҷикистонро, ки дар рӯдхонаи Вахш ғарқ шуданд, ҳанӯз пайдо накардаанд.

Як мақоми ҳукумати вилояти Хатлон рӯзи 4-уми сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳамчунон ба ҷустуҷӯи ҷасадҳо идома медиҳанд.

Сарбозони тоҷик рӯзи 30-уми июл дар наздикии воҳиди низомиашон дар ноҳияи Кушониён дар наздикии размоишгоҳи “Ҳарбмайдон” ғарқ шудаанд. Ба гуфтаи манбаъҳо, сарбозон ҳангоми ширкат дар машқҳои низомӣ дар рӯдхона ғарқ шуданд, вале сабаби аслии ҳодиса то ҳол равшан нест. Вазорати дифоъ то кунун ҳеч шарҳу хабаре дар ин бора надодааст.

Яке аз манбаъҳои Радиои Озодӣ дар Идораи ҳолатҳои фавқулодаи Хатлон гуфт, ки сарбозони ғарқшуда Солеҳ Худойбердиеви 19-сола ва Равшан Муҳаммадии 20-сола будаанд ва амалиёти ҷустуҷӯ то соҳилҳои дарёи Вахш дар ҳудуди ноҳияи Қубодиён анҷом шудааст.

Ба гуфтаи манбаъ, баланд будани сатҳи об ва талотуми зиёд дар Вахш монеи ҷустуҷӯ ва пайдо кардани ҷасадҳо шудааст. Бар асоси омори расмӣ, танҳо ҳамин дар кӯлу рӯдхонаҳои вилояти Хатлон беш аз 50 нафар ғарқ шудаанд, вале бори аввал аст, ки аз ҳалокати якбораи ду сарбози номуроди тоҷик дар Вахш гузориш мешавад. Аксари қурбониёни имсола дар рӯзҳои гарми тоқатфарсои тобистонӣ ва ҳангоми шиноварӣ ҷон додаанд.