Исроил баландошёнаҳои шаҳри Ғаззаро ба хок яксон кард

Акс аз ҳамлаи Исроил ба баландошёнаҳои Ғазза

Артиши Исроил хабар дод, ки баландошёнаҳои шаҳри Ғаззаро мушакборон ва онҳоро пурра нобуд кардааст.

Артиши Исроил иддао дорад, ки баландошёнаҳо аз ҷониби ҲАМОС (Созмони террористӣ дар Аврупо ва Амрико) зидди сарбозони исроилӣ истифода мешуданд.

Ба гуфтаи ин ниҳод, зери баландошёнаҳо пойгоҳи ҲАМОС буда, онҷо силоҳу дигар муҳимот ҷангӣ захира карда буданд.

ҲАМОС чунин иддаои Исроилро борҳо рад кардааст.

Артиши Исроил пеш аз ҳамла ба сокинони биноҳо ҳушдор дода буд, ки онро тарк кунанд.

Расонаҳои маҳаллӣ навиштанд, ки ин биноҳо дар ҳамлаҳои ҷудогона пештар нимавайрона шуда буданд, вале ҳоло ба хок яксон шудаанд.

Мақомоти фаластинӣ мегӯянд, дар ҳамлаи рӯзи ахири Исроил даҳҳо зану кӯдак ва сокинони одӣ кушта шудаанд.

Шаҳри Ғазза, дар борикаи Ғазза охирин маконе буд, ки Исроил биноҳои баландошёнаи онро тахриб накарда буд.

Ин шаҳр, яке аз охирин паноҳгоҳи даҳҳо ҳазор мардуми овораи фаластинӣ буд, ки рӯзи 7-уми август атиши Исроил вориди он шуд. Созмони Миллали Муттаҳид ҳамлаи Исроил ба ин шаҳрро “фоҷеабор” номид ва аз ин кишвар хоста буд, ки ин корро накунад. Ин Созмон дар баёнияе гуфта буд, ки сокинони Ғазза имкони фирор ва ба ҷои дигар кӯчиданро надоранд ва ҳамла ба ин шаҳр қурбониёнро бештар хоҳад кард.

Исроил пас аз 7-уми октябри соли 2023 ба Ғазза барои нобудии ҲАМОС ҳамла кард. ҲАМОС он рӯз ба Исроил ҳамла карда, беш аз 1200 нафарро кушта ва зиёда аз 200 нафарро гаравгон гирифта буд. Исроил мегӯяд, то тамоми гаравгонҳоро озод накунад ва ҲАМОС-ро нобуд насозад, ҷангро бас намекунад. Созмонҳои байналмилалӣ аз шеваи ҷанги Исроил шадидан танқид мекунанд, ки боиси кушта шудани даҳҳо ҳазор зану кӯдак шудааст.

Дар бисёре аз кишварҳои дунё сокинон ба ин амали Исроил эътироз мекунанд.

Рӯзи 6-уми сентябр пулиси Лондон беш аз 150 нафар эътирозгаронро боздошт кард. Онҳо ҳукумати Бритониёро танқид карданд, ки дар баробари ноадолатиҳои Исроил боз ҳам аз ин кишвар пуштибонӣ мекунад.

Пулис Лондон гуфтааст, эътирозгарон аз созмони “Palestine Action” ҳимоят мекарданд, ки он дар ин кишвар созмони террористӣ дониста мешавад.

Боздошти ҳомиёни Фаластин дар Лондон

Мақомоти ин кишвар эътирозгаронро дар ҳамла ба кормандони пулис айбдор кард.

Мақомоти фаластинӣ мегӯянд, дар ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза аз октябри соли 2023 то кунун беш аз 63 ҳазор нафар кушта шудааст, ки аксари онҳо занону кӯдакон ҳастанд.

Исроил роҳҳои кумакрасонӣ ба Ғаззаро низ маҳдуд кардааст. Созмонҳои байналмилалӣ мегӯянд, мардуми Ғазза аз гуруснагӣ ва фақр ранҷ мекашанд.

Пизишкони Ғазза гуфтаанд, 367 нафар аз гуруснагӣ ҳалок шудааст.