Ҳукумат мунтазири 500 миллион доллари дигар барои Роғун аст

Акс аз нерӯгоҳи Роғун дар рӯзи 28-уми август.

Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, Бонки Осиёии Сармоягузори Зербунёдҳо азм дорад, барои идомаи бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун 500 миллион доллар ихтисос бидиҳад.

Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, Бонки Осиёии Сармоягузори Зербунёдҳо азм дорад, барои идомаи бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун 500 миллион доллар ихтисос бидиҳад.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ рӯзи 1-уми сентябр дар як баёнияи расмӣ гуфт, ки тавофуқ дар ин бора зимни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Ҷин Литсюн, раиси бонки мазкур ҳосил шудааст.

Дар баёнияи расмӣ омадааст: “Бонк тасмим гирифтааст, ки маблағгузории худро ба неругоҳи Роғун ба 500 миллион доллари амрикоӣ расонад.” Ҳафтае пеш Эмомалӣ аз мақомот хост, ки талошҳоро барои ҷалби сармоя ба сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" суръат бахшанд, чун ақиб мондани кор дар як бахш метавонад иҷрои тамоми тарҳро ба таъхир андозад.

Аз он пештар, "Независимая Газета", яке аз нашрияҳои Русия, навишт, ки ояндаи нерӯгоҳи азими "Роғун" таҳти суол қарор гирифтааст. Ба навиштаи муаллифи мақола баъзе аз сармоягузорони асосии нерӯгоҳ, аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ ба сабаби иҷро нашудани бархе талабот ҷудо кардани пулро ба таъхир андохтанд.

Дар мақола ҳеч шарҳу назаре аз Бонки Ҷаҳонӣ наоварда, фақат гуфтаанд, сабаб шикояти баъзе аз созмонҳои зистмуҳитӣ аст, ки ба иддаои онҳо сохтмони "Роғун" барои кишварҳои поёноб дар Осиёи Марказӣ хатарҳои ҷиддӣ дорад.

Дар умум барои сохтмони "Роғун", ки баландтарин сад дар ҷаҳонро хоҳад дошт, тақрибан 6 миллиарду 300 миллион доллар зарур мешавад ва ҳукумат чунин пуле надорад. Нерӯгоҳи "Роғун" бояд то соли соли 2032 мавриди баҳбардории комил қарор гирад ва Тоҷикистонро бо нерӯи барқи кофӣ таъмин кунад, ки ҳоло мардумаш ҳамасола аз камбуди нерӯи барқ азоб мекашанд.