Фиристодаи вижаи ОSCE ба Тоҷикистон меравад

Терҳи Ҳакала ба Душанбе ҳам меравад.

Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо эълон кард, ки як намояндаи хоси ин созмон ба зудӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон сафар мекунад.

Дар баёнияи расмии созмон аз рӯзи 5-уми сентябр омадааст, ки боздили Терҳи Ҳакала, намояндаи вижаи раиси созмон дар кишварҳои минтақа, Тоҷикистон, Туркманистон ва Қирғизистон аз рӯзи 8 то 16-уми сентябр идома мекунад.

Дар баёния омадааст, ҳадаф аз сафар тақвияти ҳамкориҳои Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ аст. Ҳангоми сафар, Терҳи Ҳакала, бо кормандони дафтарҳои созмон дар минтақа, намояндагони ҷомеаи маданӣ мулоқот мекунад ва бо ду тарҳи муҳими созмон ошно мешавад, ки яке ҳам Коллеҷи мудирияти марзҳо дар шаҳри Душанбе аст.

Тоҷикистон, ки дар гузашта бо Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ҳамкориҳои наздик дошт, моҳи марти имсол ба нозирони ин созмон иҷоза надод, ба кишвар биёянд ва ҷараёни интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагонро назорат кунанд, ки то куҷо шаффофу одилона ва мутобиқ ба меъёрҳои демократӣ сурат мегирад.