Ду шаҳрванди Қирғизистонро дар марзи Узбекистон куштаанд

Марзбонони Узбекистон дар сарҳади ин кишвар бо Қирғизистон. Акс аз бойгонист.

Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, марзбонони узбек ду шаҳрванди он кишварро дар яке аз гӯшаҳои марзи байни ду кишвар куштаанд.

Дафтари матбуоти Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 1-уми сентябр бо нашри ин хабар гуфт, сарҳадбонони Узбекистон ҷасади кушташудагонро рӯзи 1-уми сентябр аз тариқи гузаргоҳи “Баймақ” ба мақомоти Қирғизистон супурдаанд ва ҳардуро барои ташхиси тиббӣ ба яке сардхонаҳои шаҳри Кербен бурдаанд.

Сарҳадбонони Узбекистон ҳангоми мулоқот ба ҳамтоёни қирғизи худ гуфтаанд, ки ин ду нафар рӯзи 15-уми август ҳангоми убури ғайриқонунӣ аз як қисмати марз, ки Қирғизистону Узбекистон ва Қазоқистонро ба ҳам мепайвандад, ба фармони марзбонони узбек итоат накардаанд ва ба ҳамин сабаб онҳо маҷбур шуданд, ки ба самти фирориён тир андозанд. Дар натиҷа ба гуфтаи марзбонони Узбекистон ҳарду кушта шудаанд.

Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон мегӯяд, хешовандони афроди кушташуда баъди бедарак шудани онҳо ба мақомот муроҷиат кардаанд ва сарнавишти онҳо баъди мулоқот бо марзбонони узбек рӯшан шудааст. Маълум нест, ки шаҳрвандони Қирғизистон дар он гӯшаи марз чӣ кор мекардаанд, вале ба гуфтаи Кумитаи амнияти миллии кишвар марзбонони узбек гуфтаанд, ки омодаанд се асп ва хаймаи кушташудагонро ба хешовандонашон баргардонанд.

Мақомоти амниятии Қирғизистон гуфтаанд, ки баъди таҳқиқи ҳамаҷонибаи ҳодиса, ҷомеаро аз натиҷаи он огоҳ мекунанд. Дар чанд соли ахир чунин ҳодисаҳо дар марзи кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки робитаҳояшонро беҳтар кардаанд, ба мушоҳида нарасида буд.