Дар Туркманистон 15 касро барои рақс дар ҷойи номуносиб аз кор ронданд

Дар Туркманистон 15 корманди фурудгоҳи шаҳри Дашоғузро барои рақсидан дар назди акси раиси ҷумҳур Сардор Бердимуҳаммадов аз кор рондаанд. Дар ин кишвар аксҳои Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури пешин, ки соли 2022 қудратро ба писараш Сардор супурд, “муқаддас” ба ҳисоб мераванд.

Бино ба хабарҳои дарёфтии бахши туркмании Радиои Озодӣ, ҳодиса 15-уми август рух додааст. Нимашаби ҳамон рӯз афсарони Кумитаи амнияти миллии Туркманистон 15 корманди фурудгоҳи Дашоғузро ба ҷойи корашон даъват кардаанд ва ба онҳо амр додаанд, ки ариза бинависанд, ки “бо ихтиёри хеш аз кор мераванд”, аммо сабаб “рақс дар як ҷойи номуносиб” будааст.

Бино ба гузоришҳо кормандони фурудгоҳ дар соати корӣ зодрӯзи яке аз ҳамкоронро ҷашн гирифта, дар рӯ ба рӯи акси раиси ҷумҳур рақсидаанд ва яке аз онҳо аксро дар ТикТок гузоштааст.” Ҳамаи онҳое, ки рақс кардаанд, аз кор ронда шудаанд ва муаллифи наворро ҳам барои 15 рӯз паси панҷара фиристодаанд. Мақомоти расмӣ кормандони фурудгоҳро ба “ҳаракатҳои масхараомез” дар назди акси раиси ҷумҳур муттаҳам кардаанд.

Як манбаъ дар мақомоти амниятии Туркманистон ба бахши туркмании Радиои Озодӣ гуфтааст: “Аксҳои раиси ҷумҳур ва падари ӯ муқаддас ба ҳисоб мераванд. Муҳим нест, шумо чӣ мақоме доред, агар дар назди аксҳо рафтори нодурусте кардед, аз кор ронда мешавед ва ё ҳатто ба зиндон меравед. Ин як навъ қонуни нонавишта аст.” Дар фурудгоҳи Дашоғуз ин ҳодисаро шарҳ надодаанд.