Дар Тоҷикистон иҷоза доданд, ки 20 сар бузи нодир ва гарон шикор шавад

Акси бузи Морхӯр

Ҳукумати Тоҷикистон имсол ба шикорчиёни хориҷӣ ҳақ додааст, ки 20 сар бузи нодири Морхӯр ё пармашохро шикор кунанд.

Морхӯр, аз нодиртарин ва гаронтарин ҷонвари шикорӣ дар Тоҷикистон аст, ки барои шикори як сари он наздик ба 400 ҳазор сомонӣ ё 40 ҳазор доллари амрикоӣ пардохт мешавад. Соли гузашта танҳо иҷозаи шикори 16 сар аз ин бузи нодир дода шуда буд.

Ҳукумати Тоҷикистон бо тасвиби санаде мавсими шикори тирамоҳӣ дар Тоҷикистонро аз 1-уми сентябр эълон кард, ки бар асоси он шикори 20 сар Морхӯр, 132 гусфанди кӯҳии архар ё “Марко Поло”, 18 гусфанди бухороӣ ва 10 хирси нохунсафед иҷоза дода шудааст.

Дар санад дида мешавад, ки иҷозаи шикори аксар ҳайвоноти нодир бештар шудааст. Соли гузашта танҳо шикори 110 гусфанди кӯҳии “Марко Поло” иҷоза дода шуда буд, вале имсол 22 сар бештар шудааст. Нархи шикори гусфанди “Марко Поло” наздики 60 ҳазор сомонӣ ва гусфанди бухороӣ беш аз сӣ ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст.

Иҷозаи шикори бештари ҷонварони нодирро мақомоти тоҷик ба афзоиши саршумори он рабт медиҳанд.

Бузи Морхӯр танҳо дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, Шӯроободи пешин ва ноҳияи Дарвоз дида мешавад. Ватани гусфанди архар ё “Марко Поло” ноҳияи дурдасти Мурғоб дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст.

Ҳамроҳ Аҳруллозода, як масъули Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон соли гузашта гуфта буд, ки ҷонварони нодирро “сад дар сад хориҷиён шикор мекунанд.”

Маҷаллаи илмии “Оryx”-и Бритониё соли 2023 хабар дод, ки як гурӯҳ пажӯҳишгарон дар Тоҷикистон ҷонварони нодирро ҳисоб карданд. Ба навиштаи ин маҷалла, бузи Морхӯр аз 500 сари чанд соли пеш ба 5 ҳазор сар дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст.