Дар садамаи маргборе дар Турсунзода 4 нафар ҷон бохтаанд

Дар садамаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон рӯзона аз 1 то 2 нафар куштаву маҷруҳ мешаванд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз як садамаи нақлиётии маргбори дигар хабар додааст, ки дар натиҷаи он чаҳор нафар кушта шудаанд ва панҷ каси дигар ҷароҳат бардоштаанд.  

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз як садамаи нақлиётии маргбори дигар хабар додааст, ки дар натиҷаи он чаҳор нафар кушта шудаанд ва панҷ каси дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Дар баёнияи расмии вазорат аз рӯзи 1-уми сентябр омадааст, ки фоҷиа рӯзи 31-уми август дар шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода рух додааст. Ба қавли вазорат, дар ин рӯз Акмал Сарбаров ронандаи мошини Хундай-Соната ҳангоми ронандагӣ аз ӯҳдаи идораи мошин барнаомадааст, ки ба ду мошини “Опел-Астра” бархӯрдааст. Дар натиҷа чаҳор мусофири як мошин ва сокинони Файзобод, ки се нафарашон як насаб доранду зоҳиран аҳли як хонавода ҳастанд, дар роҳ ба сӯи шифохона ҷон додаанд. Панҷ нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд ва дар шифохона бистарӣ шудаанд. Синну соли онҳое, ки дар садама осеб дидаанд ва ё ҷон додаанд, аз 18 то ба 76 мерасад.

Солона дар садамаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон садҳо кас кушта ва маъюби якумрӣ мешаванд. Мошинҳои куҳнаву роҳҳои ноҳамвор, ҳаракат бо суръати баланд ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат аз сабабҳои маргумири зиёд дар роҳҳо номбар мегардад. Танҳо дар соли гузашта дар Тоҷикистон 552 нафар ва ё рӯзона аз як то ду кас дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ, ё дар ҷойи ҳодиса ва ё дар шифохона ҷон додаанд.