Дар ҳамла дар Байтулмуқаддас 5 нафар кушта шудаанд

Ҳамла дар як чаҳорроҳаи серодам ва субҳ сурат гирифтааст.

Маъмурони тиббӣ дар Исроил мегӯянд, дар натиҷаи тирандозӣ дар як истгоҳи автобус дар шимоли Байтулмуқаддас 5 нафар кушта шудаанд. Дар ҳамла дар наздикии як чорроҳаи серавуо ба гуфтаи мақомот 16 каси дигар захм бардоштаанд ва аҳволи 6 нафари онҳо бисёр ҷиддӣ будааст.

Ба гуфтаи маъмурони пулиси Исроил ҳамлаварон тирандозиро дар истгоҳи автобус оғоз кардаанд, вале матбуоти Исроил мегӯяд, ҳарду ба дохили автобус ҳам ворид шуда, тирандозӣ кардаанд. Як афсари пулис ва шаҳрванди оддӣ ҳамлаваронро бо зарби тир кушта, ба ҳамла хотима додаанд. Пулиси Исроил дар бораи ҳуввияти ҳамлаварон то кунун чизе нагуфтааст.

Ҳамла дар як чорроҳаи серодаме дар даромадгоҳи шимолии Байтулмуқаддас ва дар роҳе рух дод, ки ба самти маҳаллаҳои яҳудинишин дар шарқи Байтулмуқаддас мебарад. Ҳеч як гурӯҳи тундрави фаластиниён дар бораи ҳамла чизе нагуфтааст. Ҷанг дар Ғазза сабаби авҷ гирифтани хушунат дар сарзаминҳои ишғолӣ дар Навори Ғазза ва ҳам худи Исроил шуд.

Тундравони фасластинӣ бо ҳамла ҳам дар қаламрави Исроил ва ҳам Навори Ғазза исроилиҳоро куштанд ва дар тарафи дигар ҳамлаҳо ба фаластиниён ҳам зиёд шуд. Созмони Милал мегӯяд, аз замони оғози ҷанг дар Ғазза то моҳи июли соли 2025 фаластиниён дар Канораи Ғарби Рӯди Урдун 49 исроилиро куштаанд ва дар ҳамин муддат 968 фаластинӣ аз дасти нерӯҳои Исроил ва ғайринизомиён дар худи Исроил ва Канораи Ғарб ба ҳалокат расидаанд.