CPJ аз Тоҷикистон хост, ба Пирмуҳаммадзода "кумаки фаврӣ" расонанд

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода

Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон (CPJ) аз ҳукумати Тоҷикистон дархост кардааст, ки ба Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзноманигори зиндонии тоҷик кумаки фаврӣ ва муносиби тиббӣ расонда шавад.

Рӯзи 11-уми сентябр наздикони Абдусаттор Пирмуҳаммадзода хабар доданд, ки вазъи саломатии рӯзноманигор дар маҳбаси низомаш сахти Душанбе бад шуда, ӯро ба бемористони зиндони шаҳри Ваҳдат, маъруф ба “Кирпичный” гузарондаанд.

Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон, ки дар Ню-Йорки Амрико дафтар дорад, рӯзи 12-уми сентябр дар шабакаи X навишт, ки шаш моҳ нигаҳ доштани рӯзноманигор дар утоқи якнафарии зиндон ва бад шудани саломатии ӯ нигаронкунанда аст.

Ин созмон, ки сарнавишти рӯзноманигоронро дар саросари дунё пайгирӣ мекунад, Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро бегуноҳ дониста, аз мақомоти Тоҷикистон хоста буд, ки ӯро озод кунанд.

Мақомоти Тоҷикистон ба хабари бад шудани вазъи сиҳатии рӯзноманигор то кунун ҳеч вокуниш накардаанд.

Нурмуҳаммад Пирмуҳаммадзода, бародари Абдусаттор Пирмуҳаммадзода рӯзи 11-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аҳволи бародараш “бениҳоят вазнин” аст.

Ӯ гуфт, ки талхадони бародараш пур аз санг шуда, аз кор мондааст ва ҳар лаҳза дардаш авҷ гирифта, ӯро азият мекунад.

Ин навъи бемориро ҳоло дар беморхонаҳои Душанбе тариқи “лазерӣ” бидуни чок кардани бадан ва танҳо бо чанд шикофи хурд дар бадан анҷом медиҳанд, вале дар зиндон чунин шароит нест.

Ба гуфтаи бародараш, дар зиндон ба ӯ пешниҳод кардаанд, ки метавонанд бо роҳи чок кардани бадан талахдони ӯро бигиранд, вале хабарнигор ба чунин навъи ҷарроҳӣ розӣ нашудааст.

Ҳамзамон, ба гуфтаи наздиконаш ӯ аз дарди гурда низ ранҷ мекашад.

Муддате пеш Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро, ки дар зиндони шаҳри Хуҷанд адои ҷазо мекард, ба маҳбаси низомаш шадиди Душанбе интиқол додаанд, вале наздиконаш танҳо пас аз бемор шудан ва ба бемористони зиндони Ваҳдат бурда шуданаш хабардор шудаанд.

Пирмуҳаммадзода моҳи декабри соли 2022 бо иттиҳоми узвият дар созмонҳои мамнуъ ба 7 сол зиндон маҳкум шуд. Аммо худаш ва наздиконаш айбномаро борҳо рад кардаанд. Ин рӯзноманигор баъди боздошт дар номае аз боздоштгоҳ навишт, аз рӯзи аввал зери фишори равонӣ ва шиканҷа буд, то иттиҳоми ба қавлаш "бофтаву сохта"-и мақомоти милисаро ба дӯш бигирад. Дар Додситонии кулли Тоҷикистон инро тасдиқ накарданд.

Мақомоти Тоҷикистон баъди соли 2022 беш аз даҳ хабарнигор ва блогерро боздошт ва дар мурофиаҳои пӯшида умдатан бо иттиҳоми ифротгаройӣ ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум карданд. Ҳамчунин аз марги дастикам 7 зиндонӣ хабар дода шудааст, ки сабаби асосии ин маргумир сари вақт нарасондани кумаки тиббӣ будааст. Талаби созмонҳои ҳомии ҳуқуқ барои таҳқиқи ин ҳодисаҳо ва озодии хабарнигорон то ин дам нодида гирифта шудааст.