Дар ин бора рӯзи 10-уми сентябр "Рособрнадзор" ё Хадамоти назорат дар соҳаи маориф хабар додааст.
Русия аз моҳи апрели имсол қоидаҳои қабули фарзандони муҳоҷиронро ба мактаб дигар кард ва ҳоло ин гурӯҳи кӯдакон танҳо баъди гузаштан аз имтиҳони забони русӣ ва санҷиши қонуни будани иқоматашашон дар Русия ҳаққи таҳсил хоҳанд дошт.
Ба иттилои Хадамот аз моҳи апрел то август барои таҳсил дар мактабҳои миёнаи Русия 23 ҳазору 616 нафар шаҳрванди хориҷӣ дархост додаанд, вале танҳо беш аз 8 ҳазор кас барои ширкат дар санҷиш роҳ ёфтаанд. Бештари онҳо, ба гуфтаи мақомоти рус, натавонистаанд, бастаи санадҳои заруриро пешниҳод намоянд. Аз 5940 нафаре, ки дар имтиҳон ширкат кардаанд, 50 дар сад ё дуҳазору 964 нафар ба мактаб қабул шудаанд.
Шӯрои ҳуқуқи иснсони назди президенти Русия бо истинод ба омори Вазорати корҳои дохилӣ аз ҳузури 785 ҳазор кӯдакони хориҷӣ дар ин кишвар хабар додааст. Ин омор дар ҳолест, ки шумори кӯдакони ба таҳсил фаро гирифташуда, 192 ҳазор ё беш аз 24 дар садро ташкил медиҳад.
Қонуну қоидаҳои наву маҳдудкунанда дар Русия сабаб шуда, ки даҳҳо хонаводаи тоҷик ҳам фарзандони мактабхони худро барои идомаи таҳсил ба Тоҷикистон фиристанд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд аз беш аз 5 ҳазор кӯдаке, ки дар 9 моҳи ахир аз мактабҳои кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон оварда шудаанд, 70 дар сад наврасоне ҳастанд, ки қаблан дар Русия таҳсил мекарданд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Ба падару модараш дар Русия гуфтаанд, ки духтари шумо намегузарад"