Ин бозии марказии даври 16-уми мусобиқот, ки дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир гардид, бо ҳисоби мусовии 3:3 хотима ёфт. Голҳоро Эҳсони Панҷшанбе, Рудолф Туркай ва Амирбек Ҷурабоев аз дастаи “Истиқлол”, Лукас Кевин, Муҳаммадиқбол Давлатов ва Эненгуе Франсуа аз пеналти ё ҷаримаи 11-метрӣ аз Клуби марказии варзишии артиш ба самар расонданд.
Дар ҳамин ҳол КМВА бо 31 имтиёз дар ҷадвали мусобиқот дар ҷойи аввал аст. Дастаҳои “Истиқлол” ва “Вахш”-и Бохтар, ки 30-имтиёзӣ гирифтаанд, мутаносибан дар ҷойҳои дуюму сеюм қарор доранд.
Дар панҷ бозии дигари даври 16-уми мусобиқоти лигаи олӣ, ки аз 12-ум то 18-уми сентябр баргузор мешавад,«Ҳосилот»-и Фархор бо «Равшан»-и Кӯлоб, «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ бо «Вахш»-и Бохтар, «Ҳулбук»-и Восеъ бо «Барқчӣ»-и Ҳисор, «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо «Эсхата»-и Хуҷанд рақобат мекунанд.
Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2025
Лигаи олӣ. Даври 16-ум
КМВА - «Истиқлол» - 3:3
Голҳо: Эҳсони Панҷшанбе, 23 (0:1). Рудолф Туркай, 36 (0:2).
Лукас Кевин, 68 (1:2). Муҳаммадиқбол Давлатов, 69 (2:2). Эненгуе Франсуа, 76 - аз пеналти (2:3). Амирбек Ҷурабоев, 78 (3:3).
Сардовар: Хуршед Дадабоев (Хуҷанд).
11-уми сентябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот:
1.КМВА - 16 бозӣ 32 имтиёз. 2. “Истиқлол” - 15 бозӣ 31
имтиёз. 3. “Вахш” - 14 бозӣ 30 имтиёз. 4.“Равшан” - 15 бозӣ
27 имтиёз. 5. “Хуҷанд” - 15 бозӣ 20 имтиёз. 6. “Регар-ТадАЗ” - 14 бозӣ 19 имтиёз. 7. “Эсхата” - 15 бозӣ 19 имтиёз. 8. “Барқчӣ” - 15 бозӣ 18 имтиёз. 9. “Ҳосилот” - 14 бозӣ 15 имтиёз. 10. “Истаравшан” - 15 бозӣ 14 имтиёз.11. “Ҳулбук” - 15 бозӣ 11 имтиёз. 12. “Панҷшер” - 15 бозӣ 3 имтиёз.
Даври 16-ум
12-уми сентябр (панҷшанбе)
Оғози бозӣ – соати 18:00
«Ҳосилот» - «Равшан»
Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).
Фархор, Варзишгоҳи марказӣ
13-уми сентябр (шанбе)
Оғози бозӣ – соати 16:15
«Панҷшер» - «Вахш»
Сардовар: Бахтиёр Комилов (Кӯлоб).
Бохтар, варзишгоҳи «Вахш»
15-уми сентябр (душанбе)
Оғози бозӣ – соати 16:15
«Ҳулбук» - «Барқчӣ»
Сардовар: Наврӯз Воҳидов (Вахш).
Кӯлоб, варзишгоҳи «Кӯлоб-Арена»
18-уми сентябр (панҷшанбе)
Оғози бозӣ – соати 18:00
«Регар-ТадАЗ» - «Истаравшан»
Сардовар: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).
Турсунзода, варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»
18-уми сентябр (панҷшанбе)
Оғози бозӣ – соати 18:00
Сардовар: Амирҷон Хоркашев (Душанбе).
Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»