Як мушкили хурд дар санади муҳоҷирон баҳонаи аз Русия ихроҷ кардани онҳо хоҳад шуд. Дар як суҳбати видеоӣ бо Валентина Чупик, ҳомии маъруфи ҳуқуқи муҳоҷирон аз ӯ дар бораи ин ҷараён ва роҳҳои кумак ба муҳоҷирон дар ҳолати душвор суҳбат кардем.
Радиои Озодӣ: Ҷараёни қонуни кардани ҳузури муҳоҷирони корӣ дар Русия ба итмом расид. Ба назари шумо, ин маърака чӣ гуна ҷараён гирифт, оё кадом мушкилоту камбудие буд, ки хоси бисёр муҳоҷирон буд?
Валентина Чупик: Онҳое, ки натавонистанд худро расман сабт кунанд, асосан онҳое мебошанд, ки патенти онҳо имсол беэътибор карда шуд ва онҳо натавонистанд ин санадро барқарор кунанд. Гурӯҳи дигар онҳое мебошанд, ки на бо гуноҳи худ, балки бо айби ҳукумат натавонистанд худро расман дар идораҳои муҳоҷират сабт кунанд. Масалан, занҳое, ки шавҳар карда насабашонро тағйир додаанд. Ҳамаи онҳое, ки баъди тағйири насаб барои гирифтани патент ва сабтином муроҷиат карданд, натавонистанд мақоми худро қонунӣ гардонанд.
Видеоро инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Амина"-дардисари нави муҳоҷирон дар Маскав
Радиои Озодӣ: Мақомот дар Русия замимаи бақайдгирии фосилавии муҳоҷирони кориро ҳам роҳандозӣ карданд, вале мо шунидем, ки он ҳам дуруст кор намекунад.
Валентина Чупик: Ҳоло нафароне ҳам муроҷиат мекунанд, ки мехостанд дар замимаи “Амина” худро ба қайд гиранд. Шикоят хеле зиёд аст. Мӯҳлати сабтиноми бисёри онҳо ба охир мерасад, чунки онҳо ҳанӯз охири моҳи август ворид шуда, то ҳол натавонистанд тавассути “Амина” ба қайд гирифта шаванд. Онҳое, ки то 1 сентябр мехостанд сабтином шаванд, ҳамааш бенатиҷа буд. Баъди 1 сентябр қисме аз чунин талошҳо натиҷабахш будааст. Ин замима мушкил дорад. Масалан, онҳое, ки ҳамаро пурра ба қайд гирифта тавонистанд, паёмаке дарёфт мекунанд, ки мегӯяд, “геолокатсияи шуморо давоми се рӯзи гузашта пайгирӣ карда натавонистем ва шуморо аз қайд берун мекунем”, ҳарчанд ҳамаи маълумот дуруст будааст. Иштибоҳҳои барномавӣ ҳам зиёд аст. Ваё ба онҳо мегӯянд, ки ба ВКД муроҷиат кунед. Одамон бо замимаи “Амина” ба маркази муҳоҷирати “Сахарово” мераванд, он ҷо навбатпоиҳо зиёд аст ва он ҷо ҳам полис худсарона онҳоро боздошт кардаву ба идораи панҷуми полиси Подолск мебарад. Яъне як беназмӣ аст.
Радиои Озодӣ: Баъди 11 сентябр барои бисёри онҳое, ки санадашон мушкил дорад, душвор хоҳад шуд. Шояд бархе маҳз бо сабабҳое, ки иштибоҳи фаннӣ шудааст, натавонистанд сабтином шаванд ва ба онҳо ихроҷ таҳдид мекунад. Чӣ бояд кард, то аз ҷониби мақомот бо бархӯрди ноодилона ё ғайриқонунӣ қарор нагиранд?
Валентина Чупик: Дар навбати аввал онҳо бояд дуруст бифаҳманд, ки то куҷо ихроҷи онҳо қонунӣ аст ва оё қарори полис ихроҷ аст ё на. Азбаски ҳоло ихроҷ дар салоҳияти полис аст, бисёр ҳолатҳое шудааст, ки мардум намедонанд, ки қарори ихроҷи онҳо вуҷуд дорад. Ҳоло полис ба ҳама, беистисно, ба ҳама як санаде дода талаб мекунад, 5 ҳазор рубл ҷарима супоранд. Ба ҳеҷ сурат ин корро накунед. Бисёр вақт қонуншиканӣ содир нашудааст, полис мехоҳад нақшаи ҷамъоварии ҷаримаро иҷро кунад. Вале ба иловаи ин нақшаи ихроҷ ҳам вуҷуд дорад ва онҳое, ки кӯркӯрона ва ба хотири гӯё халос шудан аз полис ин санадро имзо мекунанд, санади ихроҷи худро ҳам имзо мекунанд. Вале хушбахтона, ҳоло шароити пешгирӣ аз қарори ихроҷи полис хеле хуб шудааст. Моҳҳои апрел ва майи имсол даста-даста мардумро ихроҷ мекарданд ва ба танҳо худи ман тахминан 600 муроҷиат аз ихроҷи беасоси полис омад. Мо дар 531 ҳолат тавонистем, ки ин қарорҳоро бекор кунем. Ходимони полис бисёр вақт протоколи ихроҷро бесаводона пур мекунанд. Ингуна хатоҳои полис хеле зиёд роҳ меёбад ва ман ба муҳоҷирон чунин машварат медиҳам, ки агар диданд, ки санад хато пур шудааст ва аз онҳо талаб мекунанд, ки ҳатман имзо гузоранд, дар пеши имзо нависанд: “Ман розӣ нестам” (“Не согласен”). Ҳеҷ санадро бидуни хондани он имзо накунед. Ҳатман он санадро акс гирифта ба ман фиристед, бовар кунед, мо ҳатман дар ин ҳолат дастболо мешавем. Агар шумо бегуноҳ ҳастед, ҳатман баранда мешавем. Полис ҳақ надорад санадҳои муҳоҷирати шуморо бисанҷад, ин кор дар салоҳияти сохторҳои муҳоҷират аст. Шумо ба онҳо танҳо бояд шиносномаатонро нишон диҳед.