Сармураббиёни тимҳои миллӣ ва олимпии Тоҷикистон сабукдӯш шуданд

Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон тасмим гирифт, ки қарордодро бо сармураббии тими миллӣ Гела Шекиладзе пеш аз муҳлат бекор кунад. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) 10-уми сентябр хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, пас аз натиҷаҳои ғайриқаноатбахши дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ” («CAFA Nations Cup 2025»), ки тими миллии кишвар дар майдони худ натавонист аз гурӯҳ барояд, шартномаи ҳамкорӣ бо Гела Шекиладзе, мутахассиси 54-солаи гурҷӣ, қатъ карда шуд.

Ҳамчунин, пас аз иштироки бебарори мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026, Федератсияи футболи кишвар тасмим гирифт, ки шартномаро бо Леван Хомерики, мутахассиси 51-солаи гурҷӣ, тамдид накунад. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар майдони худ бозиҳоро бо Филиппин ва Сурия бохт ва ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ наёфт.

Федератсияи футболи Тоҷикистон ба мураббиён барои кори муштаракашон изҳори сипос намуда, ба онҳо дар фаъолияти минбаъда комёбиҳо таманно кардааст.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистонро ба бозиҳои боқимондаи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 ҳайати нави мураббиён омода мекунад, ки роҳбарияти ФФТ дар ояндаи наздик онро тасдиқ мекунад.