Тоҷикистон дар 34 соли истиқлолият ба ормонҳояш расид?

Акс аз соли 2022.

Эҳёи забон, нерӯҳои нав, ҷанг ва сулҳ, орзуи ҷомеаи озод. Тоҷикистон дар 34 соли озодияш ба куҷо расид?

Тоҷикистон дар 34 соли истиқлолият давраҳои гуногунеро аз сар гузаронд, вале оё ба ормонҳояш расид? Ҳоло дар чӣ ҳолат ва рӯбарӯи кадом душвориҳост?

Бо фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон соҳиби истиқлол ва тадриҷан узви ҷомеаи байналмилал шуд. Ҷанги хонагии солҳои 1992-97 онро дар остонаи фурӯпошии давлат қарор дод, вале бо фишори Русияву Эрон ва сарпарастии СММ аз ин хатар раҳо гашт. Имрӯз сокинони кишвар шоданд, ки дар сулҳу оромӣ ба сар мебаранд. Аммо вазъи иқтисодиву иҷтимоии онҳо ниёз ба беҳбуд дорад.

Дар як назархоҳии сарироҳӣ дар шаҳри Душанбе шахсе мегӯяд, “мо соҳибистиқлолияти давлати Тоҷикистонро 9-уми сентябри соли 1991 қабул кардем, вале соҳибистиқлоли халқи Тоҷикистон замоне мешавад, ки мардумаш тавонад озодона раҳбарияти кишварро интихоб кунад”. Ба ақидаи бисёре аз сиёсатшиносон ва созмонҳои байнулмиллӣ ҳуқуқи сокинони Тоҷикистон ба гирдиҳамоӣ, эътирози осоишта, ташкили ҳизбу созмону ҷамъиятҳо амалан вуҷуд надорад ва ягон интихоботи президентӣ ё порлумонии Тоҷикистон дар давраи истиқлолияти он “озод, шаффоф ва демократӣ” шинохта нашудааст.

Истиқлолияти “муфт”?

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ истиқлолияти Тоҷикистонро як туҳфаи фурӯпошии Шӯравӣ меноманд, ҳарчанд ин ақида ҳам садо медиҳад, ки худшиносии миллӣ ва озодихоҳии пинҳон дар ҷомеаи тоҷик ҳамеша вуҷуд дошт ва заминаҳоро барои соҳибихтиёрӣ омода намуд. Вале дар баробари ин ҳисси бедорӣ сатҳи баланди минтақагароӣ дар шуури сиёсии шаҳрвандон авҷ гирифт, ки нақши калоне дар сар задани ҷанги дохилӣ дошт.

Низои шаҳрвандӣ ва вазъи баъдиҷангӣ давраи муҳиме дар таърихи Тоҷикистон гардид. Дар ин давра, тавре коршиносон таъкид мекунанд, сиёсати дохилӣ шаклҳои мухталифе гирифт: аз сулҳсозӣ ва мусолиҳаи тарафҳо то ба тиҷорату муомилаҳои сиёсӣ ва мутамарказ намудани қудрат ва сипас -- таъсиси ҳокимияти худкомаи яккатоз.

Таҷрибаи “нодир”-и сулҳ

"Идеяҳои сиёсиву иқтисодии навлибералӣ дар Тоҷикистон дар ибтидо ба таври ошкоро зоҳир шуд. Зодагони минтақаҳои гуногун ба тақсими захираҳои иқтисодиву сиёсӣ пардохтанд. Дар ин давра Русия кишварҳои пасошӯравиро ба ҳоли худ гузошт, ҳарчанд онҳо начандон инро мехостанд. Ҳамаи ин дар пасманзари ҷамъ шудани мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ, ки яке болои дигаре зам мешуд, рух дод", -- мегӯяд ходими калони илмии Маркази омӯзиши Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Уралу Волгаи Пажуҳишгоҳи шарқшиносии Академияи улуми Русия Азиз Ниёзӣ.

Ӯ мегӯяд, хатми хунрезӣ ва дастёбӣ ба тавофуқ миёни ҳукумат ва мухолифонаш, ки тибқи он мухолифон гӯё 30 дарсади ҳукуматро ба даст оварданд, таҷрибаи нодире буд, сарфи назар он ки вазъ баъдтар ба таври бунёдӣ тағйир ёфт. Мухолифони ҳукумат, ки дар гузашта мегуфтанд, мансаб не, танҳо бозгашти шарафмандона ба ватанро мехоҳанд, барои мансаб вориди кашокаш ва парокандагиҳо шуданд.

Ҳарчанд ба фаъолияти ҳизбу матбуоти онҳо иҷоза дода шуд, бо поёни “марҳалаи гузор” фишор афзоиш ёфт ва дар соли 2015 яке аз ворисони асосии Иттиҳоди мухолифони тоҷик ба талоши табаддулоти мусаллаҳона айбдор ва “террористӣ” эълон гашт. Раҳбарони ҳизб дар хориҷа ин айбномаро рад мекунанд ва онро нақшаи “ронда шудани худ аз саҳнаи сиёсӣ” меноманд.

"Аз марказгароӣ ба саркӯб"

"Дар ибтидо, дар раванди марҳилаи аввали баъдиҷангӣ, ҳукумати Тоҷикистон сиёсати мудовими мутамарказ ва тақвият бахшидани ҳукумати марказиро дар маҳалҳо пеш гирифт. Ин таъсири мусбат дошт, зеро суботи сиёсиро таҳким бахшид ва кишварро аз вомондаҳои ҷангсолорони ҳар ду ҷониб раҳо кард. Аз соли 2008 тадриҷан пардохтан ба як сиёсати дохилии шадидтар дар баробари мухолифони сиёсӣ, расонаҳои мустақил ва ҷомеаи шаҳрвандӣ роҳандозӣ шуд", -- ба ёд меоварад сиёсатшиноси тоҷик Парвиз Муллоҷонов.

Ба гуфтаи ӯ, аз ин давра гирифта, ҳама гуна танқид ба маънои талоши барҳам задани субот дар кишвар арзёбӣ мешуд. Аммо заминаи асосии вазъ ба буҳрони иқтисодии солҳои ахир ва кам шудани даромад аз муҳоҷирати корӣ бастагӣ дошт.

Зимнан, ҳаҷми маблағҳои фиристодаи муҳоҷирон дар солҳои гуногун то 49.6%-и ММД-и Тоҷикистон мерасид ва дар соли 2016 ҷумҳурӣ аз рӯйи ин шохис дар таҳлили Бонки Ҷаҳонӣ "Migration and Remittances Factbook 2016" дар миёни 214 кишвари ҷаҳон ҷойи аввалро гирифта буд. Ҳанӯз ҳам аз ин назар дар яке аз мақомҳои аввал аст.

"Ҳифзи тавозун"

Сиёсатшиноси дигари тоҷик, ки нахост, аз ӯ ном бурда шавад, мегӯяд, яке аз вижагиҳои намоёни сиёсати дохилии ҳукумат ин нигоҳ доштани мувозинат дар замони поксозии кишвар аз фармондеҳону ҷангсолорони гуногун буд. "Пеш аз он ки иқдомоти саркӯбгарона дар баробари фармондеҳони мухолифон гирифта шаванд, чунин иқдомот дар баробари чеҳраҳои маъруфи “Фронти халқӣ” низ татбиқ шуд. Дар солҳои 2000-ум дигар дарк шуда буд, ки ин афрод барои ҳукумат хатарзоянд", - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ба андешаи ӯ, агар аз соли 2002 то соли 2008 дар кишвар мутаносибан сиёсати мусолиматомез мушоҳида шуда бошад, баъдан ҳаводиси шаҳри Кӯлоб дар соли 2008, ноҳияи Тавилдара дар соли 2009, ҳаводиси Ғарм дар соли 2010, ҳаводиси соли 2012-и Хоруғ, саркӯби хунини сол 2022 дар Рӯшон ва Хоруғ ва парвандаи “нақшаи табаддулот” дар соли 2025 нишондиҳандаҳои торафт шадидтар шудани саркӯб мебошанд.

Ин коршинос дар мавриди сиёсати дохилӣ, ҳамчунин бознависии Қонуни асосӣ дар солҳои 1999, 2003 ва 2016 таъкид мекунад. Баъди раъйпурсии соли 1999 муҳлати салоҳияти президент аз 5 ба 7 сол дароз карда шуд ва палатаи болоии порлумон таъсис ёфт, ки президент болои он таъсири мустақим дорад. Ба Қонуни асосӣ мафҳуми “Пешвои миллат” ворид карда шуд, ки барои он дигар ҳеч маҳдудияте дар интихоб шудан ба унвони сардори давлат вуҷуд надошт ва ҳамчунин таъсиси ҳизби динӣ манъ гардид.

"Мутамарказ намудани қудрат ба хотири оромӣ буд"

Сайфулло Сафаров, муовини пешини мудири Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мутамарказ намудани қудрат дар Тоҷикистон мусоидат намуд, ки дар кишвар бо фарқ аз Қирғизистон ва Афғонистон сулҳ ва оромӣ ҳифз шавад ва Душанбе дар ин маврид комёбтар бадар омад.

Ӯ афзуд: "Дар натиҷа мо тақрибан зерсохтҳоро бунёд кардем, аз буҳрони иртибототӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ берун омадем, то ҳадди муайяне масъалаи амнияти озуқавориро ҳал кардем ва баъди ба кор андохтани чархаи дуввуми нерӯгоҳи Роғун қадами бузурге дар масири истиқлоли иқтисодӣ ва саноатӣ кардани иқтисоди ҷумҳурӣ мегузорем."

Сафаров мегӯяд, андешаҳо дар мавриди инҳисор ё монополияи қудрат дар Тоҷикистон ва набуди озодии сухан асос надоранд. "ҲНИТ ва Ҳизби Коммунист дар интихоботи ахири порлумонӣ натавонистанд, вориди порлумон шаванд, зеро ҷойи онҳоро ҳизбҳои дигаре, ки ба талаботи ҷомеа ҷавобгӯ буданд, гирифтанд. Ончӣ марбут ба расонаҳо аст, дар мо озодии баён хеле пеш рафтааст ва он нашрияҳое, ки баста шуданд, аз уҳдаи супоридани андоз набаромаданд", гуфт коршинос.

Кишварро чӣ интизор аст?

Ба гуфтаи Сайфулло Сафаров, кишвар дар даҳсолаи наздик ба ҳадафҳои стратегии худ мерасад, нерӯгоҳи Роғунро пурра ба кор меандозад ва демократисозиро, ки такя бар рақобати сиёсӣ дар дохили давлат дорад, идома медиҳад.

Аммо на ҳама коршиносон ба хушбиниҳои Сафаров шариканд. Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, набуди мухолифони воқеӣ ва расонаҳои мустақил дар Тоҷикистон ба ҷойгоҳи кишвар дар раддабандиҳои байналмилалӣ таъсир мегузорад ва ин ҳол идома хоҳад дошт.

"Қарзи берунӣ ва вобастагӣ аз Чин зиёд мешавад. Аз ҳама фоҷиабортарин – набуди ислоҳоти воқеист. Зарур аст, ки ислоҳоти зудҳангом ва фарогире барои эҷоди ҷойи кор ва баргашти муҳоҷирон аз Русия роҳандозӣ шавад. Иқтисоди “интиқоли маблағҳо” дар дурнамои дарозмуддат пояи устувор намебошад", - шарҳ дод сиёсатшинос.

Ҳамсуҳбати дигари Радиои Озодӣ, коршинос аз Тоҷикистон муборизаи дохилии гуруҳҳои гуногунро барои қудрат аз эҳтимол дур намедонад. “Аксаран дар ин гуна режимҳо нақши калонро атрофиёни президент мебозанд, ки ба хотири тавҷеҳи зарурати худ душманони сунъии гуногуне месозанд. Дар ин марҳила ҳам истифода аз ин гуна сенарияҳо истисно нест", - мегӯяд коршинос.

Дар маҷмуъ, аксари ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ ҳам ба дастовардҳо ва ҳам ба камбудҳои сиёсатҳои ҳукумат дар гузашта ишора карданд. Аксари баҳогузории онҳоро ин андеша ба ҳам меовард, ки раванди тақвияти қудрат дар Тоҷикистон дар пасманзари бад шудани нишондоҳои иқтисодӣ ва сатҳи зиндагии мардум сурат мегирад ва «роҳбарият бештар ба омода кардани интиқоли қудрат тамаркуз дорад, то беҳбуди вазъи зиндагии одамони одӣ».

Эзоҳ: Бахши бузурги ин таҳлил, аз ҷумла истинод ба коршиносон аз гузашта аст.