Бо беш аз 100 мошини борбар аз Тоҷикистон ба Афғонистон кӯмак фиристоданд

Тоҷикистон ба сокинони дар пайи заминларза осебдидаи Афғонистон беш аз 100 мошини борбар ёрии башардӯстона ирсол кардааст.

Дар ин бора Шоҳин Самадӣ, сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, рӯзи 8-уми сентябр хабар дод. Вай гуфтааст, иқдоми мазкур “дар доираи тадбирҳои башардӯстона” ва бо супориши раиси ҷумҳур сурат гирифтааст. Бино ба иттилои вазорат корвони мошинҳо бо тақрибан 3000 тонн маводи зарурӣ аз Тоҷикистон ба роҳ баромад.

Кӯмакҳо асосан аз маводи ғизоӣ, либосу хайма, масолеҳи сохтмонӣ, оби нӯшокӣ ва дигар ашёи зарурӣ иборат будааст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори ҳаракати мошинҳои борбари ҳомили кӯмакҳо ба Афғонистон нашр шудааст.

Кӯмакҳои башардӯстона дар ҳоле ба Афғонистон интиқол меёбанд, ки вазъи мардум дар ин кишвар баъди заминларзаи харобиовар ва пасларзаҳои он вазнин шудааст. Ба иттилои созмонҳои ҷаҳонӣ, сокинони зарардидаи кишвари ҳамсоя аз ҳар ҷиҳат азият мекашанд.

Зилзилаи шашдараҷаии рӯзи 31 август дар вилоятҳои шарқии Афғонистон, аз ҷумла, Кунар, Нангарҳор ва Лағмон талафоти вазнини ҷонӣ ва молӣ ба бор овард.

Ин ҳодиса яке аз маргбортарин зилзилаҳои солҳои ахир дар Афғонистон гуфта мешавад.

Мақомоти ҳукумати Толибон рӯзи 4 сентябр шумори қурбониёни ин ҳодисаро беш аз 2200 нафар эълон карданд. Такони дуюми замин 2 -уми сентябр ба вуқӯъ пайвста, боиси воҳимаи зиёд ва таваққуфи амалиёти наҷот гардид.